Сафири нави Полша ба Душанбе омад

Дирӯз муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Полша дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Грукро қабул кард.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати густариши  ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу  иқтисодӣ ва гуманитарию фарҳангӣ иброз намуданд.

Музаффар Ҳусейнзода Радослав Грукро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу кард.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE