Шаш ширкати нави сайёҳӣ вориди бозори сайёҳии Тоҷикистон гардиданд

Шаш ширкатаи нави сайёҳӣ — «Дамир», «Саёҳати Диёр», «Сайри Дарвоз», «Айён», «Иттиҳодияи илми истеҳсолии Асил» ва «Тоҷик Тур» вориди бозори сайёҳии Тоҷикистон гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

«Бо мақсади мусоидат дар роҳ ёфтани рақобати озоду солим дар бозори сайёҳии кишвар тибқи тартиби муқарраргардида, ҷамъ ба 228 ширкати сайёҳӣ иҷозатнома дода шудааст. Аз ин шумора 30 ширкати сайёҳӣ соли 2020 ва 12 ширкат соли 2021 таъсис ёфтаанд», -афзуд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки роҳбарони ширкатҳои сайёҳии навтаъсис аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ изҳори сипос карда, барои рақобати солим бо омодасозии барномаҳои ҷолиб ва хатсайрҳои нави сайёҳӣ барои ҷалби бештари сайёҳон омодагии худро изҳор доштанд.

Дар заминаи имтиёзҳои дар соҳаи сайёҳӣ пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат фаъолияти бахши хусусӣ густариш ёфта, шумораи ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва дигар инфрасохтори хизматрасонӣ бахши сайёҳӣ зиёд гардид ва ин тадбирҳо ба рушди деҳот, хусусан устувор гаштани соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат таъсири мусбат расонида истодаанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE