38-ҳолати нави сироятёбӣ ба КОВИД-19 дар кишвар
Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 нафар гирифторони бемории коронавирус баъд аз табобат аз муассисаҳои тиббӣ ба хона ҷавоб дода шуданд. Ба маълумоти Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҳолати 11-уми сентябри соли ҷорӣ дар кишвар маҷмуан 7747 навар гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд, ки ин теъдод 86,3% фоизи шумораи умумии сироятёфтагони коронавирус дар кишварро ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти манбаъ то ҳол 8977 ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ расман ба қайд гирифта шудааст. Шумораи нафарони аз коронавирус фавтида бошад 72-нафарро ташкил медиҳад.
Бахтиёр Зоириён-муовини
сармуҳаррири шабакаи
“Садои Душанбе”