Хабари рӯз

Имрўз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар  мавзеи Саратоғи ноҳияи Айнӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТАЛКО Флюорит”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхонаи мазкур дар майдони 9 гектар бунёд гардида, иқтидори он дар самти истеҳсоли консентрати флюорит дар як шабонарӯз дар навбати аввал аз 100 то 120 тоннаро ташкил медиҳад. Ба таъкиди масъулини ин коргоњи санотӣ баъди татбиқи пурраи лоиҳа иқтидори истеҳсолии он ба 200 тонна баробар мешавад.

Масъулин Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТАЛКО Флюорит” иброз доштанд, ки корхона дар самти содироти маҳсулот аллакай бо се ширкати бонуфузи Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

Айни замон дар ин корхонаи навтаъсис 120 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кору маоши хуб таъмин гардида, баъди пурра ба кор даровардани он шумораи кормандон ба 240 нафар расонида мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба масъулону кормандони корхона изњор доштанд, ки бунёди чунин иншооти бузурги саноатӣ дар рушди иқтисодиёти мамлакат муҳим мебошад, зеро дар ин замина ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш меёбад.

                                                                              Зоириён Бахтиёр-муовини сармуҳаррири шабакаи  “Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE