Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 72 дар шаҳри Панҷакент бо иштироки Пешвои миллат

12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Саразми шаҳри Панҷакент бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 72-ро мавриди истифода қарор доданд.

Зимни боздид аз мактаби нав ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Муассисаи навбунёди сеошёна барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дар он шароити муосири илмомӯзӣ фароҳам мебошад.

Дар иншоот 26 синфхона, ҳар кадоме бо 24 ҷойи нишаст, синфхонаҳои фаннии информатика, забонҳои русиву англисӣ, озмоишгоҳҳои фаннҳои химия, физика, ҳуҷраи омӯзгор ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир карда шудааст. Муассиса бо 46 компютер, тахтаи электронӣ, лавозимот барои гузаронидани озмоишҳо дар дарсҳои физикаву химия таъмин мебошад.

Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карданд. Дар бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 72-и шаҳри Панҷакент барои амалишавии ин ҳадаф тамоми шароитҳо фароҳам мебошад. Омӯзгорон аз мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави муассиса, ки дорои имкониятҳои муосири таълим мебошад, рӯҳбаланд шуда, мехоҳанд дар оянда хонандагонро барои иштирок дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ бештар омода намоянд.

То мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави мактаби рақами 72-и шаҳри Панҷакент хонандагон, ки шумораашон ба 850 нафар мерасад, дар бинои хурди якошёна таҳсил мекарданд. Аз сабаби норасоии ҷойи нишаст таълим дар муассиса дар се баст сурат мегирифт. Акнун бо қомат афрохтани бинои нави сеошёна мушкилии омӯзгорону хонандагони шаҳраки Саразми шаҳри Панҷакент аз байн рафт.

Бинои нави мактаб, ки бо маблағгузории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зарафшон» сохта шудааст, бо системаи ягонаи гармидиҳӣ муҷаҳҳаз буда, дар мавсими тирамоҳу зимистон тамоми муассисаи таълимиро бо гармӣ таъмин мекунад.

Бо мақсади ҷалби хонандагон ба тарзи ҳаёти солим ва машғул шудан ба варзиш, дар бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 72 толори варзишӣ бунёд шудааст. Дар ин толор муҳассилин ба обу тоби бадан, бозиҳои волейболу баскетбол ва дигар бозиҳои варзишӣ машғул хоҳанд шуд.

Дар атрофи муассисаи навбунёд гулҳои рангоранг ва дарахтони ҳамешасабз шинонида шуда, роҳравҳо сафолакпӯш гардидаанд. Ин ҳама ба намои зоҳирии мактаб зебогии дигар зам мекунад.

Воқеан ҳам маориф аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, зери ғамхориҳои доимӣ қарор дорад. Маҳз дар натиҷаи дастгириҳои давлату Ҳукумати мамлакат, хоса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар ҷумҳурӣ муассисаҳои нави таълимӣ бунёду навсозӣ гардида, мушкилоти омӯзгорону хонандагон марҳила ба марҳила ҳалли худро пайдо мекунад.

Давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар шаҳри Панҷакент дар маҷмуъ 34 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 8 ҳазору 759 ҷойи нишаст ва 2 муассисаи томактабӣ сохта ба истифода дода шудааст. То ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр боз 5 мактаби наву замонавӣ бунёд хоҳад шуд. Инчунин сохта ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии шаҳр низ дар назар аст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE