Эмгузаронии муҳоҷирон бо дастури Путин
Дар Москва эмгузаронии зидди коронавируси муҳоҷирони корӣ оғоз ёфт. Lар ин бора дар сомонаи расмии шаҳрдори пойтахт Сергей Собянин хабар дода шудааст.
Дар маркази бисёрсоҳаи муҳоҷират дар деҳаи Сахарово эмгузаронӣ бо ваксинаи яктаркибаи «Спутник Лайт», истеҳсоли Маркази илмии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Н. Ф. Гамалеӣ шурӯъ шуд.
«Таъсирнокии ин ваксина метавонад нисбат ба «Спутник V» камтар бошад, аммо ба ҳар ҳол натиҷаи мусбӣ дорад», — зикр кард Сергей Собянин ҳангоми боздид аз ин марказ.
Эмгузаронӣ бо усули санҷишӣ оғоз меёбад ва бо дархости корфармоёни дар рӯйхати соҳаҳои хидматрасонии дар фармоиши департаменти пойтахтии «Роспотребнадзор» муайян шуда сурат мегирад.
Дар оянда нақшаи мазкур метавонад дар дигар соҳаҳои иқтисодиёт, ки дар онҳо шаҳрвандони хориҷӣ фаъолият мекунанд, ба шумули касоне, ки мустақилона кор мекунанд, паҳн карда шавад.
Пештар маълум шуд, ки арзиши як вояи ваксинаи «Спутник Лайт» барои муҳоҷирони меҳнатӣ 1,3 ҳазор рубл хоҳад буд. Корфармо бояд маблағи ваксинаро пардохт кунад. 27 июн фармоиши Президент Владимир Путин дар мавриди эмгузаронии хориҷиён ва муҳоҷирони меҳнатӣ алайҳи COVID-19 содир шуд.