Вашингтон: Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Энтони Блинкен

1 июл дар Вашингтон  мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка (ИМА) Энтони Блинкен баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Америка дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисод, энергетика, тандурустӣ, сайёҳӣ, гуманитарӣ, ҳамкорӣ дар чорчӯби барномаҳои АРБИМА, иқдомҳои муштарак ҷиҳати пешгирии ҳамагирии Ковид-19 ва ғайраро баррасӣ карда, перомуни  масъалаҳои ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Ҷонибҳо зимни баррасии вазъият дар минтақа зарурати таҳкими ҳамкориҳоро дар самти муборизаи муштарак бо хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таъкид карданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE