Кандакорӣ ва вежагиҳои он
Дар қатори дигар ҳунарҳои мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём то имрӯз ҳамчун мероси гаронмояи моддию маънавӣ омада расидааст, кандакорӣ мавқею манзалати хоса дошта, тариқи усули мактаби “Устод ва шогирд” давра ба давра рушд кардааст. Яъне, бо пешравии ҷомеа низ ин ҳунар ташаккул ёфта, бори дигар аз фарҳанги бойи мардуми тоҷик дарак медиҳад.
Саид Маҳмедов, нафаре, ки солҳои сол ин касбро пеша кардаву маҳсули дасташ низ дар як қатор давлатҳои олам ӯро муаррифӣ кардааст, мехоҳад ҳар чизи офаридааш нотакрор бошад. Ӯ дар суҳбат бо мо зикр кард, ки аз хурдӣ барояш садои тақ – тақи асбобу анҷоми меҳнатии падар, ки ҳаққи устодӣ ҳам барояш доранд, ошно буда, бӯйи хуш чӯби тар бар машомаш писанд аст.
Ӯ аз таърихи ин ҳунар бисёр чизҳоро медонад ва ба қавле устоди касби худ шудаасту шогирдонаш ҳам дар ин радиф аллакай бо маҳсули дасти худ дар озмуну намоишгоҳҳои ватанӣ ва хориҷ аз кишвар ҳам ширкат кардаанд. Чун бо суҳбат кардем, сараввал изҳор дошт, ки андаке аз таърихи ин ҳунар бароямон чанд маълумот дода, сипас оид ба рукнҳои асосии пешрафти он суҳбатро идома хоҳем дод. Мо низ ба таклифи ҳамсуҳбатамон розӣ шуда, қисмати аввали суҳбатро барояи шумо – хонандагони гиромӣ, пешниҳод мекунем.
Кандакорӣ ҳамчун ҳунар дар ҳама давру замон барои аҳолии ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон дилписанд буда, аҳолӣ дар асбобу ашёҳои рӯзгор, хонаҳои истиқоматӣ, масҷиду мадраса аз он васеъ истифода мекарданд. Бозёфтҳои муаррихон дар қарнҳои гузашта аз он далолат мекунанд, ки кандакории рӯи чӯбро устодон бо ҳама нозукиҳояш ба шогирдон меомӯзониданд.
Шӯҳрат Ашуров, ҳунарманди дигари ин касб, дар суҳбат бо мо гуфт, имрӯз ҳам меҳнати дастии ҳунармандонро, чӣ сайёҳон ва чӣ шаҳрвандони кишвар, хеле хуб қабул доранд ва ҳама вақт мизоҷонро кори хеле нозуки усто ба ваҷд меорад. Ба қавли Шӯҳрат Ашуров, ки чандин сол бо ин ҳунар сари кор дорад, то ҳанӯз ҳам кори дасти ҳунармандони кандакор дар Панҷакенти қадима бозгӯ аз он аст, ки аз чӯби оддӣ муъҷиза офаридан аз дасти инсон вобастагии амиқ дорад.
Дар ҳар давру замон бо тақозои вақт ва пешрафту нумуъ, ҳодисаҳои таббиӣ, иҷтимоӣ ва самти пешрафти давлату чомеа низ тағйир меёбаду дар ҳамин замина фарҳанги миллӣ низ ташаккул меёбад. Аз ин дигаргунию тағирёбӣ мо метавонем донем, ки авроқи таърих дар китоби зиндагӣ чӣ розҳои ниҳон дорад.
Дар муайян кардани қадру қимат ва мақому манзалати ҳар шахс ҳунари ӯ ҷойгоҳи асосӣ дорад. Ин меъёрро донишмандон муқаррар кардаанд. Дар ҳақиқат, ҳунар арзиши баланд дорад ва ҳар касе, ки соҳибҳунар аст, дар ҷомеа сазовори эҳтиром хоҳад буд. Халқи тоҷик аз қадим ба ҳунар меҳру муҳаббати беандоза дорад ва яке аз вазифаи ҳар падару модар он аст, ки ба фарзанд касбу ҳунар омӯзад. Саъдии бузургвор гуфтааст: «Ҳунарманд ҳар ҷо бошад, қадр бубинад ва дар садр нишинад». Аҷдодон ҳамеша барои ҳунар омӯхтан мекӯшиданд ва ҳунарҳое чун заргарӣ, оҳангарӣ, кулолӣ, мисгарӣ, дуредгарӣ, меъморӣ, ҷувозкашӣ, осиёбкашӣ, пазандагӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ … дар байни онҳо хеле маъмул буданд.
Пас, мо ҳам дар суҳбатҳои баъдӣ дунболи ҳунармандони дигар самтҳои ин соҳа мегардему ҳамроҳашон гуфтугӯи ихтисосӣ анҷом дода, фишурдаашро пешкашатон мегардонем.
Нигинаи ДАРОНЗОД,
“Садои Душанбе”