Деҳқонони Хатлон сокинони шаҳри Душанберо бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин менамоянд

Ҷиҳати таъмини сокинони пойтахт бо маҳсулоти кишоварзӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба кишоварзони вилоят дастур дод, ки маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро бо нархҳои дастрас дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар КВД «Бозори Саховат» ва «Боғи Куруши Кабир»-и пойтахт ташкил гардидаанд, пешниҳод намоянд. Ҳамин тариқ, шурӯъ аз 4 сентябр деҳқонони вилояти Хатлон дар маконҳои зикршуда маҳсулоти кишоварзиро бо нархҳои дастрас пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт намуда истодаанд, ки ин иқдом то 10 октябри соли равон идома меёбад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Деҳқонони Хатлон дар ярмарка-фурӯшгоҳҳои  маҳсулоти кишоварзӣ дар  шаҳри Душанбе то имрӯз зиёда 150 тонна картошка, пиёз, сабзӣ, карам, помидор, бодиринг, қаламфури булғорӣ ва тез, хушкмевагиҳо, зироати лӯбиёгиҳо, каду, гӯшт, тухм ва дигар сабзавотро  бо нархҳои нисбат ба бозор арзон пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт  гардониданд.

Ёдовар мешавем, ки  бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо супориши  Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ чунин ярмаркаҳои кишоварзӣ дар маҳаллаи Қарияи Боло, бозорҳои «Меҳргон», «Саховат», Боғи «Куруши Кабир» ва 11 нуқтаи дигари маҳсулотфурӯшии  пойтахт, ки зичии аҳолиашон  зиёд аст, ташкил гардидаанд.

Хотиррасон менамоем, ки чанд рӯз қабл зимни сафари кории  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  шаҳри Турсунзода, ки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ он касро ҳамроҳӣ намуданд, байни сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Турсунзода барои дар давраи тирамоҳу зимистони дар пешистода  мунтазам таъмин кардани бозорҳои истеъмолии пойтахт бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, аз қабили меваю сабзавоти хушсифат, зироат ва дигар маводи мавриди ниёзи аввал  шартномаҳои дутарафаи ҳамкорӣ баста  шуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE