Бақайдгирии 26 ҳолати нави сироят ва 2 фавт аз коронавирус

Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 26 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 17 нафар пас аз муоилиҷа солим гардонида шуданд, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, аз бемории мазкур 2 нафар фавтидаанд. Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 5 июл дар кишвар 13623 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13382 нафар (98,2%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 95 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE