ОГОҲӢ! Дар ҷойҳои мамнӯъшуда оббозӣ накунед!

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании (КҲФ ва МГ) назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабонарӯзи охир ҷасади панҷ нафарро аз дарёҳо ва махзанҳои обии  мамлакат  берун оварданд.

Тибқи иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, дар дарёи Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав сокини 11-солаи ҳамин ноҳия ғарқ гардид. Ҷасади ӯ ёфт ва ба оилааш супурда шуд. Ҳамчунин дар канали Заркамари шаҳри Турсунзода духтари 7-сола ғарқ шуд. Дар кори ҷустуҷӯи ӯ наҷотбахшон ва сокинони маҳаллӣ иштирок карданд. Ҷасади ӯ 2,5 километр поинтар аз маҳали вуқӯи ҳодиса пайдо карда шуд.

Дар ноҳияи Рӯдакӣ духтари 9-сола дар канали Кӯктош ғарқ шуд, ҷасади ӯ низ ёфт ва ба хешовандонаш супурда шуд. Инчунин тибқи хабари расида, дар обанбори Неругоҳи барқи обии “Варзоб” ҷасади духтари 18-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ёфт шудааст. Сабабҳои марги духтар муайян карда мешаванд. Дар дарёи Кофарниҳон сокини 17-солаи пойтахт ғарқ шудааст. Ҷасади ӯ 500 метр поинтар аз ҷои  ҳодиса ёфт ва аз дарё бароварда шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо исрор аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки қоидаҳои бехатариро дар назди махзанҳои об риоя кунанд ва дар ҷойҳои мамнӯъшуда оббозӣ накунанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE