Истаравшан: Аксияи «Шомгоҳи тозагӣ» доир мегардад

То ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамарӯза дар шаҳри Истаравшан аксияи «Шомгоҳи тозагӣ» доир карда шавад.  Иқдоми мазкур аз ҷониби Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода пешниҳод шуда, мақсад аз он тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи зебоипарасатӣ мебошад.

Дар доираи тадбири мазкур бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли фаъолият, ҷамоатҳои деҳот, деҳаҳо, кумитаи маҳаллаҳо, гузарҳо, масҷидҳо бо назардошти таъмини лавозимоти зарурӣ, ҳар бегоҳ  аз соати 18:00 то 20:00 бо риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошт ҳашарҳои дастаҷамъонаи тозагии муҳити зистро баргузор намоянд.

Аз ҷумла,  дар муроҷиатномаи Адҳам Маъмурзода омадааст, ки ҳамчун раиси шаҳр ва фарзанди ҳамин диёр ба Шумо муроҷиат намуда, даъват менамоям, ки ба муносибати таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз остонаи хонаводаи хеш, кӯча, маҳалла, гузар, деҳа ва дар маҷмӯъ шаҳри азизамон – Истаравшани бостониро дастаҷамъона обод созем, тозагии мавзеъҳо, ҷуйборҳо, чашмаҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва қабристонҳоро таъмин намоем.

«Бо назардошти он, ки аксари сокинони шаҳр соҳибкору тоҷир ҳастанд ва ҳамарӯза аз саҳар машғули корҳои худ мебошанд, пешниҳод менамоям, ки дар ҳудуди шаҳри Истаравшан то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамарӯза аксияи «Шомгоҳи тозагӣ» эълон карда шавад. Бовар дорам, ки мардуми сарбаланди шаҳри Истаравашан иқдоми мазкурро ҷонибдорӣ карда, барои тозагии шаҳри худ ва муҳимтар аз ҳама, барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории пандемияи СOVID-19 саҳмгузор мегарданд»,- омадааст дар муроҷиатнома.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE