Таъсиси 1 озмуну 3 маҳфил дар Кумитаи телевизион ва радио
Рўзҳои 30 май то 2 июни соли 2021 бори аввал дар Кумита озмуни адабии “Эъҷози сухан” аз рўйи номинатсияҳои “Китобхонӣ” ва “Шеърдонӣ” баргузор гардид, ки дар он беш аз 160 корманди воҳидҳои сохтории Кумитаи телевизион ва радио ширкат варзида, 2 нафар ҷойҳои якум, 4 нафар ҷойҳои дуюм ва 6 нафар ҷойҳои сеюмро соҳиб шуда, ғолибон мутаносибан сазовори диплом, 10, 7 ва 5 ҳазор сомонӣ (дар маҷмўъ, 12 нафар соҳиби 78 ҳазор сомонӣ) гаштанд. Инчунин, 15 нафар барои иштироки фаъолона соҳиби сипоснома ва 1000 сомонӣ (дар маҷмўъ, 15 ҳазор сомонӣ) шуданд ва ба 24 нафари дигар ба ҳар яке 500 сомонӣ (дар маҷмўъ, 12 ҳазор сомонӣ) ва китоби “Расонаи зиндагӣ” тақдим гардид. Ин нуктаро имрӯз Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии Кумита ба намояндагони ВАО баён дошт.
Мавсуф қайд кард, ки дар Кумита бори аввал даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” доир карда шуд, ки дар он беш аз 30 нафар кормандони воҳидҳои сохторӣ ширкат варзида, 10 нафар ба даври дуюми озмуни мазкур роҳ ёфтанд ва ба комиссияи ноҳиявӣ ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешниҳод гардиданд.
Инчунин, бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати барномаҳо дар заминаи озмунҳои “Эъҷози сухан” ва “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Кумита маҳфилҳои илмию адабии “Сеҳри сухан” (барои дўстдорони сухану ҳунари ровигӣ), “Навқалам” (барои алоқамандони шеъру шоирӣ) ва “Хирадмандон” (барои дўстдорони китобу китобхонӣ) ташкил гардида, низомномаҳои онҳо таҳия ва бо фармоиши раиси Кумита аз 23.06.2021, №32, тасдиқ карда шуд.
Мирсаид САТТОРИЁН,
“Садои Душанбе”