Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ, бинои истиқоматӣ ва муаррифии нақшаи генералии шаҳри Ҳисор
18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Султон Раҷабови шаҳри Ҳисор коргоҳи дӯзандагӣ ва бинои истиқоматиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Коргоҳи дӯзандагӣ дар ошёнаи якуми бинои истиқоматӣ ҷойгир буда, иншоот бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёд карда шудааст.
Дар коргоҳ 40 нафар занону духтарон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Ҷиҳати бо сифати баланд омода кардани маҳсулоти истеҳсолӣ занону духтарони чирадаст ба кор ҷалб гардидаанд.
Дар коргоҳи дӯзандагӣ барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва қонеъ намудани талаботи сокинон сару либос омода карда мешавад.
Масъулон аснои бунёди иншоот ба сифати корҳои сохтмонӣ ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ намудани он таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, биноро дар муҳлати муайяншуда ба истифода супориданд.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам сохтани имкони созгори касбомӯзӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ барои занону духтарон баҳои баланд дода, барои таъмини пурраи муассисаҳои таълимӣ бо сару либоси шинаму зебо дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.
Бинои истиқоматӣ аз таҳхона, 9 ошёна иборат буда, дорои 88 хонаи як, ду ва сеҳуҷрагӣ мебошад. Мувофиқи лоиҳа дар ошёнаи якум коргоҳи дӯзандагӣ, мағоза ва дигар марказҳои хизматрасонӣ ҷойгир аст.
Дар маҷмуъ дар иншооти навбунёд наздикӣ 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд.
Ба хотири ободу зебо гардонидани муҳит дар гирду атрофи бино ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва гулҳои гуногуни мавсимӣ шинонида шуда, майдончаи бозии кӯдакона ва таваққуфгоҳ низ бунёд гардидааст.
Бинои истиқоматӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Камрок Интернешнл” сохта шудааст.
Ҳамчунин дар назди бино ба Пешвои миллат лоиҳаи нақшаи генералии шаҳри Ҳисор муаррифӣ карда шуд.
Аснои муаррифии лоиҳа ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақшаи нави генералӣ танҳо дар шаҳраки Ҳисор 30 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои савдою хизматрасонӣ ва дигар иншооти зарурӣ бунёд карда мешавад. Айни ҳол корҳои сохтмонӣ ва дигар тадбирҳои мушаххас ҷиҳати бунёди иншооти ба нақшагирифташуда ҷараён дорад.
Мавриди зикр аст, ки дар шаҳри Ҳисор дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” сохтмони 767 иншоот ба нақша гирифта шуда буд, ки аз ин шумора дар соли 2018 – 47, дар соли 2019 – 157 ва аз аввали соли 2020 то имрӯз 157 иншоот сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи нақшаи генералии шаҳри Ҳисор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро вазифадор намуданд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, иншоотро бо риояи унсурҳои хоси миллӣ ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд намоянд.