Гар шиновар нестӣ …

Шиноварӣ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз он ҷумла дар Тоҷикистон, хеле маъмул аст ва алоқамандони зиёд дорад. Дар фасли тобистон, ҳангоми гарм шудани ҳаво ҳамагон майл ба истироҳату оббозӣ менамоянд. Вале ҳар сол дар мавсими оббозӣ дар кӯлу дарёҳо, каналу ҳавзҳои Тоҷикистон даҳҳо нафар ҳалок мешаванд.

Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон мегӯяд, сабабҳои асосии ғарқшавии одамон дар дарёву кӯл ва обанборҳо риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ, оббозӣ ҳангоми мастиву сархушӣ ва беаҳамиятии волидон ба кӯдакон аст. Ҳамасола мавсими оббозӣ аз 1-уми июн оғоз мегардид ва имсол бо сабабҳои эпидемикии мамлакат аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус қарор қабул гардид ва танҳо аз 15-уми июни соли равон иҷозат дода шуд, ки шаҳрвандон танҳо дар кӯлу обанборҳое, ки барои қабули шаҳрвандон иҷозат доранд, метавонанд оббозӣ кунанд, – мегӯяд Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Кӯдакону ҷавонони зиёд дар кӯлу обанборҳо ва дарёҳои кишвар барои аз гармии зиёд худро дар канор гирифтан ба шиноварӣ машғӯл мешаванд. Аммо бештари онҳо бинобар сабаби надонистани қоидаҳои шиноварӣ ба ҳолатҳои ногувор рӯ ба рӯ мегарданд. Сабабҳои афзоши ғарқшавӣ гуногун аст. Аввал ин ки наврасон бе назорати падару модар оббозӣ мекунанд, аз ин рӯ, шумораи ғарқшудагони то 17-сола бештар арзёбӣ мешавад. Баъзан ҳолатҳоеро вохӯрдан мумкин аст, ки сокинони норозӣ аз зиндагӣ низ худро ғарқ мекунанд.

Дар аксар мавзеъҳо эълони “Оббозӣ манъ аст!”, “Дар ин мавзеъ оббозӣ кардан хавфнок аст!” вуҷуд дорад, аммо новобаста ба ин, дар ин кӯлу дарёҳои кишвар садҳо кӯдакону ҷавонон машғули шиноварӣ мешаванд. Оби баъзе аз ин кӯлҳо аз ифлосӣ ранги сабз доранд ва обсабзҳо, ки дар бисёр мавридҳо ба пойи наврасон печида онҳоро ғарқ мекунанд, эҳтимол солҳо боз тоза нашудаанд.

Шахноза Азизова, сокини пойтахт, мегӯяд, дар ҳолати барои оббозӣ намудани фарзандонашон ҷойи мувофиқ набудан аксар вақт бе пурсиш аз волидон ба ҷойҳое, ки барои оббозӣ манъ гардидааст, мераванд. Ӯ иброз дошт, ки дар баробари майдончаҳои варзишие, ки барои фароғату истироҳати наврасону ҷавонон сохта ба истифода дода шудаанд. Дар баробари он, агар ҳавзчахо барои шиноварӣ месохтанд, боз ҳам хубтар мешуд.

Оббозӣ яке аз шуғлҳои дӯстдошта барои кӯдакону наврасон мебошад. Онҳо танҳо барои хушҳолии худашон ҳар куҷое, ки барои оббозӣ намудан мувофиқ аст, оббозӣ мекунанд ва барои онҳо дар он ҷой обози кардан мумкин аст ё ин ки на, аҳамият надорад. Муҳим оббозӣ кардан аст. Шаҳриёр Хочаев 10 сол дорад. Ӯ мегӯяд, ки қариб ҳамарӯза бо ҳамроҳии ҳамсолонаш ба ҳар канори шаҳр рафта, ба оббозӣ машғул мешаванд.

Заҳмату талошҳои шабонарӯзии масъулин ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда баҳри пешгирӣ намудани сокинону шаҳрвандони кишвар аз ғарқшавӣ дар кӯлу дарёҳо ҳангоми оббозӣ намудан мебошад.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки Кумита аз тамоми техника ва таҷҳизоте, ки барои бурдани корҳои садамавӣ ҷустуҷӯи лозимӣ ҳастанд, муҷаҳҳаз мебошад. Масъулини Кумита аз ҳамаи сокинон ва меҳмонон хоҳиш мекунад, ки дар ҷойҳои мамнӯъ оббозӣ накунанд. Мақоли халқии «Гар шиновар нестӣ по бар лаби дарё манеҳ»-ро шиори худ карда, ҳаёти худро зери хатар нагузоранд.

Зулайхо САФАРОВА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE