Бӯстон: Ҷамъбасти даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардида, Шоҳҷоизаи озмун насиби омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3 Замира Шукурова гардид. Дар  ин бора аз  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар доданд.

Дар ҷамъбасти озмун Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода аз раванди дастгириву пуштибонии ҳамешагии аҳли илму маърифат ва хонандагону донишҷӯён, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба илму донишомӯзӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд.

Мавсуф афзуд, ки таҳти сарпарастии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат»-ро далели дастгириҳои пайвастаи аҳли илму адаб маънидод намуд.

Сипас, муовини раиси шаҳр, раиси комиссияи шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Хуршед Сатторзода оид ба раванди баргузории даври дуюми озмуни мазкур ҳисобот дод. Гуфта шуд, ки аз даври аввал ба даври шаҳрӣ 145 нафар ғолибон номнавис гардида, дар даври шаҳрӣ 52 нафар ғолибият ба даст оварда, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Ба ғолибони даври шаҳрӣ, омӯзгороне, ки барои омода намудани шогирдон саҳмгузорӣ намуданд бо мукофотҳои пулӣ ва сипосномаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Мавриди зикр аст, ки баҳри иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» қарори раиси шаҳри Бӯстон қабул шуда, тибқи Низомнома моҳи май дар ташкилоту муассисаҳо ва моҳи июл дар сатҳи шаҳр озмуни мазкур доир гардид.

    

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE