Пешгӯии ҳавои тағйирёбандаи бебориш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад.  Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18 ва  рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.  Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 4+9 ва рӯзона  16+21  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол  аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14  дараҷа гарм ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои  камабри бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10  ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25  ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония мевазад.  Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 17+22 дараҷа гарм ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона  29+34 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи  бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  19+21  ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE