Татбиқи 22 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар шаҳри Ҳисор
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар суханронии худ зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони шаҳри Ҳисор таъкид доштанд, ки Ҳукумати мамлакат барои обод кардани шаҳри Ҳисор ва таъмин намудани рушди бомароми он дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлат беш аз якуним миллиард сомонӣ равона кардааст. Илова ба маблағҳои зикршуда, дар ин давра дар ҳудуди шаҳр 22 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 800 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло 5 лоиҳаи дигари сармоягузории давлатӣ амалӣ шуда истодааст. Ба таъкиди Сарвари давлат ҳамаи ин иқдомҳои Ҳукумати мамлакат барои пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва пеш аз ҳама, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ, таъминот бо барқ, таҷдиди роҳҳои мошингард ва рушди деҳот нигаронида шуда, боиси хеле беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ гардидаанд. Ҳамчунин Пешвои миллат таъкид доштанд, ки вобаста ба он, ки дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар шаҳр корҳои муҳим ба иҷро мерасанд, зарур аст, ки масъалаи сифатнокиву самаранокии натиҷаи онҳо зери назорати қатъӣ гирифта шавад.
Дар идомаи суханронии худ Президенти мамлакат иброз доштанд, ки дар солҳои охир пайваста афзоиш ёфтани қисми даромади буҷети шаҳри Ҳисор имкон фароҳам овардааст, ки маблағгузории соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сохтмони иншооти гуногун тадриҷан зиёд карда шавад. Ҳамзамон бо ин, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди мунтазами соҳибкорӣ тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Зеро соҳибкорӣ яке аз заминаҳои муҳимми рушди иқтисодиёт ба ҳисоб меравад, – иброз доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони шаҳри Ҳисор.
Зоириён Бахтиёр
муовини сармуҳаррири
шабакаи “Садои Душанбе”