Сарвазири мамлакат корхонаи сангтарошии «Чилтан»-ро дар Ҳисор ифтитоҳ намуданд
Аз ҷумла, корхонаи сангтарошии «Чилтан» дар деҳаи Хоҷачилдиёри болои деҳоти Мирзо Ризо, корхонаи обҳои ташнагишикани «Мужда ЛТД», маркази саломатию варзишӣ, корхонаи «Қоғази Шарора», корхонаи истеҳсоли саноатии «Анас Одина», майдончаи варзишӣ дар деҳаи Шӯроби Афғони деҳоти Сомон, маркази савдо, сехи дӯзандагӣ ва дорухона дар деҳаи Дучинораи деҳоти Сомон, пули мошингузар дар деҳаи Хирманаки деҳоти Сомон, корхонаи парандапарварӣ дар заминаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҳасиби Ҳисор» дар деҳаи Файзбахши деҳоти Навобод, майдончаи варзишӣ дар маҳаллаи ҳаштуми шаҳраки Ҳисор, бинои иловагӣ иборат аз чор синфхона дар назди муассисаи таҳсилоти умумии асосии №80, воқеъ дар деҳаи Иттифоқи деҳоти Ҳисор, бинои иловагӣ иборат аз чор синфхона дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №76, воқеъ дар маҳаллаи Соҳибдилони шаҳраки Шарора, бинои якуми корхонаи парандапарварӣ дар маҳаллаи Сафобахши шаҳраки Шарора аз ҷумлаи иншооте мебошанд, ки ба истифода дода шуданд.
Дар бунёди иншооти таъйиноташон гуногун, ки баробари ба истифода додани онҳо беш аз 300 ҷойи нави кор фароҳам оварда шуд, соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпешша саҳми назаррас гузоштаанд.
Омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷабҳаи бузурги созандагӣ дар мамлакат табдил гардида, ба ифтихори таҷлили ин санаи фархунда дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат раванди корҳои бунёдкорию созандагӣ бо суръат идома дорад.
Ба истифода додани корхонаю марказҳои хизматрасонӣ дар шаҳри Ҳисор дар ҳолест, ки 18 сентябр бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор бинои истиқоматии баландошёна ва сехи дӯзандагӣ, муассисаи таълимии томактабӣ барои 250 кӯдак, маркази хизматрасонии «Ҳисор Плаза», корхонаи коркарди ҷуворимакка, корхонаи коркарди шир ва боғи зимистонаи «Шаршара» мавриди истифода қарор дода шуданд.