Пагоҳ бозиҳои даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2020 оғоз мегарданд
Замони баргузории бозиҳои нимниҳоӣ ва ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 маълум гардид. Бозиҳои нимниҳоӣ 22-23 сентябр ва бозии ниҳоӣ 10 октябр баргузор мешаванд.
Бозии аввали нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 22 сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб доир мегардад. Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар майдони худ бо дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода рақобат мекунад.
Дар бозии дигари нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон, ки 23 сентябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар баргузор мешавад, дастаи мизбон — «Хатлон» -и шаҳри Бохтар бо дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан вориди сабқат мешавад. Ҳарду бозии нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 соати 15:00 оғоз меёбанд.
Ёдовар мешавем, ки бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 бо иштироки ду дастаи ғолиби нимфинал 10 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегарданд. Оғози бозии ниҳоӣ – соати 16:00. Бозиҳои нимниҳоӣ ва ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 дар варзишгоҳҳо бе ҳузури тамошобинон баргузор мешаванд.
Имсол ҷадвали мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон тағйир ёфт. Агар солҳои қаблӣ дар ҳар марҳила дастаҳо ду бозӣ (дар хона ва меҳмонӣ) анҷом медоданд, дар мавсими соли 2020 ҳар марҳила аз як бозӣ иборат аст. Агар замони асосии бозӣ бо ҳисоби мусовӣ ба поён расад, он гоҳ ду қисми 15-дақиқаӣ таъйин мегарданд. Агар дар замони изофӣ ғолиб муайян нашавад, он гоҳ бар асоси дастури FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) ғолибро силсилаи пеналтӣ маълум хоҳад кард.