Ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
07.09.2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ дод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.
Дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», лоиҳаи Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶумҳурииТоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» дар Шӯро таъкид гардид, ки лоиҳаи Қонуни мазкур аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҳия гардида, дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст.
Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни зикргардида ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёмҳояшон 26 декабри соли 2020 ва 26 январи соли 2021 ироа намуданд, инчунин дар нақшаи чорабиниҳо аз 20 июни соли 2019 оид ба иҷрои дастуру супоришҳо дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо (10 майи соли 2019) ва дар маҷлиси ҷамъбастии Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 равона гардидаанд, таҳия шудааст.
Татбиқи хароҷоти молиявии лоиҳаи қонуни мазкур дар доираи маблағҳои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки ҳамасола тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ мегардад, таъмин карда мешавад. Яъне, хароҷоти вобаста ба татбиқи лоиҳаи қонуни мазкур аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағи иловагиро ба ғайр аз маблағҳое, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ намудааст, талаб наменамояд.