Низорамоҳи Маҳмуд сазовори унвони “Аълочии телевизион ва радио” шуд

«Дар рушди ҳаёти иҷтимоӣ нақши занон ва ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ниҳоят арзишманд мебошад. Ташаббусҳои онҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамеша дастгирӣ ёфта, занону ҷавонон ба корҳои роҳбарӣ дар ҳамаи шохаҳои ҳокимият ба сохтору мақомоти давлатӣ ҷалб карда мешаванд».

Эмомалӣ РАҲМОН 

Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки ба мавқеи зан-модар таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зан-модар тамоми шароитҳои лозимиро муҳайё намуда, онҳоро аз лиҳози қонунӣ ҳифз мекунад. Аз ҷумла, дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26-уми декабри соли 2018 бори дигар ба ин масъала дахл карда шуд. Сарвари давлат ҳанӯз соли 2015-ро «Соли оила» эълон намуда буданд.

Дар замони Истиқлоли давлатӣ нисбати зан-модар аз ҷониби Ҳукумати кишвар ташаббусҳои мушаххас ва чорабиниҳои иловагӣ дар ин самт андешида шуданд. Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ кишвари мо дар соли 1999 Консепсияи «Ҳуқуқҳои сиёсии занон»-ро тасдиқ намуда, аз моҳи сентябри соли 1998 “Нақшаи миллии баланд бардоштани мақоми зан барои солҳои 1998-2005” қабул гардида буд.

Санаи 3 декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Ин фармон имконият фароҳам овард, ки нақши занон дар идоракунии мақомоти давлатӣ сол то сол афзоиш ёбад. Иштироки занон дар идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нишондодҳои миёнаи ҷаҳонӣ мувофиқ мебошанд, ки чунин вазъи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии занон дар дигар давлатҳои пасошӯравӣ кам ба назар мерасад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як вохӯриҳояшон дар қаламрави ҷумҳурӣ диққати аввалиндараҷаро ба масъалаи тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занону духтарон медиҳанд. Садҳо квота барои духтарони маҳаллӣ аз ҷониби Роҳбари давлат барои дохил шудан ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ дода мешаванд. Баъди хатмкунӣ дар навбати аввал духтарон бо ҷойҳои корӣ таъмин карда мешаванд.

Дар Кумитаи телевизион ва радиои наазди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои зертобеи он низ занону бонувон дорои мавқеи шоистаанд. Дар ҳошияи таҷлил аз 30 – юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ як қатор кормандони ин ниҳоди барои ҷомеа ниҳоят муҳим бо мукофотҳои давлативу соҳавӣ қадрдонӣ шуданд, ки дар ин миён теъдоди бештарро занон касб карданд.

Низорамоҳ Ғаниева, муҳаррири варзидаи шабакаи “Садои Душанбе” низ дар қатори дигар кормандони эҷодию техникии сохторҳои Кумита барои саҳми арзанда ва хизматҳои шоён дар рушду нумӯъи телевизион ва радио, тарғиби ғояҳои ватанпарастию ҳуввияти миллӣ, дастовардҳои даврони истиқлолияти ватани маҳбубамон ва пешгирии ифротгароиву хурофотпарастӣ тавассути барномаву гуфторҳои пурмазмун бо унвони “Аълочии телевизион ва радио”, сарфароз гардонида шуд. Мавсуф муаллифи барномаҳои таҳлилии “Тоҷикистон” ва “Ҷилои ҳунар” буда, дар миёни шунавандагони радио ҳаводорони зиёд дорад.

Аз идора: Мо – ҳайати эҷодию техникии шабакаи “Садои Душанбе” ҳамкори азизамонро ба ин муносибат шодбош гуфта, барояшон сиҳатии комил ва парвозҳои баландтари эҷодӣ таманно дорем.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE