Фархор: Сарвари давлат Парчами давлатиро дар боғи фарҳангию фароғатии ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
2 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Фархор дар Боғи фарҳангию фароғатии ноҳия яке аз рамзҳои давлатдорӣ — Парчами давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Парчами давлатӣ дар масоҳати 20 садяк бо баландии 33 метр аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ЕврАзия” бунёд гардида, андозаи матои он 8 ба 14 метрро ташкил медиҳад. Атрофи иншоот бо гулу ниҳолҳои ҳамешасабзу орошӣ зебо гардонида шуда, ҳамчунин роҳрав ва сутунпояи он бо сангҳои ороишӣ зиннат дода шудааст.
Зимни боздид Президенти мамлакат аз сифати корҳои бунёдӣ ва ташаббуси соҳибкорон изҳори қаноатмандӣ карда, қомат афрохтани Парчами давлатиро дар маркази ноҳия барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонону наврасон нек маънидод намуданд.
Қобили зикр аст, ки дар баробари бунёди Прачами давлатӣ ҳамчунин бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ Боғи фарҳангӣ — фароғатии ноҳия, ки дар майдони 1 гектар доман паҳн кардааст, навсозӣ гардида, дар он барои истироҳати мардум шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Баъди қомат афрохтани Парчами давлатӣ намои зоҳирии боғ низ куллан дигаргун гашта, ба макони асосии гаштугузори мардум табдил ёфтааст.
Барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ — фароғатӣ дар майдони назди Парчам имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.
Мардуми бофарҳангу шукргузори ноҳияи Фархор аз ин дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.