Восеъ: Сарвари давлат корхонаи дӯзандагӣ ва адрасбофиро ба истифода доданд

4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Меҳнатободи деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ корхонаи дӯзандагӣ ва адрасбофиро ифтитоҳ карданд.

Иншооти замонавӣ дар доираи амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди иқтисодиёт ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпази содиротии ивазкунандаи воридот аз тарафи соҳибкор Дилшод Асроров сохта шудааст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкорони маҳаллиро барои ҳарчи бештар ба шуғли доимӣ фаро гирифтани коргарону мутахассисон ва дар ин замина беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карданд.

Бино аз 4 ошёна иборат буда, дар он маркази савдо, корхонаи дӯзандагию бофандагӣ, ошхона ва меҳмонхона ҷойгир мебошад. Барои истеҳсоли адрас таҷҳизоти муосир насб гардида, сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин карда шуданд. Маҳсулот бо инобати талаботи бозори дохилӣ ва хориҷӣ истеҳсол шуда, дорои сифати баланд мебошад.

Сокинони деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ метавонанд пурра аз хизматрасонии сатҳи баланди корхонаи дӯзандагӣ истифода намоянд. Дар иншооти бунёдшуда 150 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Бунёди иншооти замонавӣ дар доираи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соҳибкории хурду миёна сурат гирифта, афзоши истеҳсоли маҳсулот ва рушди иқтисодиро таъмин мекунад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE