Имрӯз дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Форуми II иқтисодӣ баргузор мешавад

Ба муносибати Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон 28 май Форуми II иқтисодӣ таҳти унвони «Самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ» баргузор менамоянд.

Тавре аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар доданд, дар форум намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ ва олимони соҳаи иқтисод иштирок менамоянд.

Ҳадафи асосии форум муайян намудани самтҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ дар замони тағйирёбии иқлим, тақвияти ҳамкорӣ байни бахши давлатӣ ва хусусӣ, инчунин мусоидат ба устувории иқтисодӣ бо дарназардошти масъалаҳои муҳити зист ва ҳифзи пиряхҳо арзёбӣ мегардад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE