Бохтар: Сарвари давлат МТҒ «Мактаби хусусии инноватсионӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Зархези шаҳри Бохтар Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Макбати хусусии инноватсионӣ»-ро ба истифода доданд.
Муассисаи таълимии хусусӣ аз таҳхона, 6 ошёна, 22 синфхона, 5 лаборатория, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Мактаби замонавӣ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби оилаи Назризодаҳо барои 480 хонанда дар як баст бунёд гардида, раванди таълим дар он бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Айни замон дар муассисаи нави таълимӣ 300 нафар хонанда дар се зина ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Мактаби хусусии инноватсионӣ” дар шаҳри Бохтар муосиртарин шароит барои илмомӯзӣ, аз ҷумла видеопроектор бо тахтаҳои электронӣ мавҷуд буда, раванди таълим ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шудааст. Синфхонаҳои барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, биология, астрономия, геометрия, табиатшиносӣ, математика, ҷуғрофия, синфхонаи компютерӣ, китобхона, китобхонаи электронӣ, омодагии дифои ҳарбӣ ва амсоли ин имкон медиҳанд, ки хонандагон бо истифода аз шароити арзандаи илмомӯзӣ дар ин мактаби замонавӣ таҳсил намоянд.
Дар ҳуҷраҳои озмоишгоҳи муассиса омӯзгорони соҳибтахассус бо истифода аз асбобу аёнияти дарсӣ таҷрибаҳои гуногуни илмӣ мегузаронанд, ки аз машғулияти дӯстдоштаи хонандагон аст. Илова бар ин дар муассисаи таълимии хусусӣ ба ҳунаромӯзии хонандагон низ таваҷҷуҳи хосса равона шуда, синфхонаҳои барҳавову алоҳидаи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин аст, таъсис дода шудааст.
Ба иттилои масъулон, дар муассисаи ғайридавлатии таълимии шаҳри Бохтар барои таълиму тарбияи хонандагон беш аз 50 нафар ба кор ҷалб гардидаанд, ки 30 нафари онҳо омӯзгорони соҳибтахассус мебошанд.
Бо мақсади ҳифзи саломатии хонандагону омӯзгорон дар муассисаи нави таълимӣ нуқтаи тиббӣ сохта шудааст, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурии кумаки аввалия муҷаҳҳаз мебошад.
Барои баргузор намудани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни фарҳангию оммавӣ дар ошёнаи 5-уми бинои муассиса толори маҷлисӣ бо 70 ҷойи нишаст сохта шудааст.
Дар китобхонаи муассиса шумораи зиёди адабиёти таълимию бадеӣ мавҷуд аст, ки хонандагон имкон доранд аз ин ганҷинаи бебаҳо босамар истифода намуда, дониши худро сайқал диҳанд.
Тамоми синфхона, ҳуҷра ва роҳравҳои муассиса дар фасли сармо бо шабакаи худӣ гарм карда мешаванд. Қобили таъкид аст, ки барои таъмини хонандагони ноҳияҳои дурдасти мамлакат дар ошёнаҳои 5 ва 6-уми муассисаи таълимӣ хобгоҳ барои 160 нафар ҷойгир карда шудааст, ки дорои шароити зарурӣ мебошад.
Дар таҳхонаи бинои таълимӣ ошхонаи барҳавои замонавӣ бо 100 ҷойи нишаст мавҷуд аст, ки ба хонандагон ғизои гарму болаззат омода ва пешниҳод мегардад.
Дар саҳни муассисаи таълимӣ барои тарғиби тарзи ҳаёти солим майдончаи муосири варзишӣ сохта шудааст, ки дар он хонандагон бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол баргузор менамоянд.
Ҳадаф аз бунёди муассисаҳои наву замонавии таълимӣ тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ фароҳамсозии шароити арзанда барои таълиму тарбияи насли оянда аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бинои муассиса баҳои баланд дода, иқдоми созандаи соҳибкори ватаниро намунаи ибрату шоистаи таҳсин арзёбӣ карданд.
Пас аз шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар саҳни муассисаи нави таълимии хусусӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди муассисаи таълимии томактабӣ барои 200 нафар тарбиятгиранда санги асос гузоштанд.
Тибқи лоиҳа, боғчаи кӯдакон аз 3 ошёна ва 10 ҳуҷраи барҳавои таълимӣ иборат буда, бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои замони муосир сохта мешавад. Саҳн ва атрофи Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Мактаби хусусии инноватсионӣ” дар шаҳри Бохтар сабзкорӣ шуда, бо гулу буттаҳои мавсимии ороишӣ зиннат ёфтааст.