23 сол бо як маром
Дар даврони Истиқлол давлату Ҳукумати Тоҷикистон, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди тамоми шаклҳои ВАО, аз ҷумла радио, шароити мусоиде фароҳам оварданд. Дар ин даврони пуртазоди ҷаҳонишавӣ радио дар воқеъ, сипари боэътимоди амнияти итиллоотӣ гардид, ки дар набардҳои равониву баҳсҳои мафкуравию геополитикӣ ба расонаҳои хориҷӣ ҷавоби сазовор дода метавонад ва аз манофеи миллии миллату давлатамон арзандаву дар сатҳи баланди касбият ҳимоят мекунад.
Радиои Тоҷикистон ошёни меҳр, махзани нуру зиё ва ганҷинаи савту навои дилпазир аст. Он шабеҳи як дарахти бузургест, ки як шохаи пурбораш шабакаи «Садои Душанбе» аст. Ин шабакаи сартосариву мустақим, ки 18 январи соли 1999 бо ташаббуси Раиси вақти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шодравон Сайф Раҳимзоди Афардӣ таъсис ёфтааст, имрӯз ба мавҷи ҳамагонӣ бадал шудаву бо диди навину низоми муосир, таваҷҷуҳи доимӣ ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва дарёфти ҳаллашон ба дили мардум роҳ ёфт.
Давоми 23 соли фаъолият дар ин даргоҳ кадрҳои соҳибандеша Беҳрӯзи Забеҳулло, Сурайёи Шуҷоат, Аҳлиддини Тоҳир, Қурбони Тусафӣ, Темур Бандишоев, Шарифи Мисайзод, Зиёвуддини Нурзод, Сайфуллои Бозор ва дигарон бо барномаҳои ҷолибашон мухлисони зиёд пайдо карданд. Маҳорати баланди роҳбарии Сафаргул Олимӣ ва фарҳангшиноси шинохта Ҷонибек Асрориёнро махсус бояд таъкид намуд ,ки дар тарбияи журналистони ҷавон, такмили маҳорати барномасозии онҳо ва ғановати мундариҷавии гуфторҳо бо ғояҳои ҷолибу созанда саҳми шоистаи таҳсин гузоштанд.
Формати шабакаи «Садои Душанбе» итиллоотиву фароғатист. Гуфторҳои мустақими ин шабака қишрҳои гуногуни ҷомеаро ба худ ҷалб карда тавонист ва ба болоравии маърифату маҳорати суханварии онҳо мусоидат намуд. Ҳамрадифи дигар расонаҳо обрӯи шабакаи «Садои Душанбе»-ро миёни қишрҳои васеи ҷомеа кӯшишҳои кӯмак дар ҳалли мушкилиҳои ногузири рӯзгори мардум боло бурда тавонист.
Корманди собиқи шабака Сурайёи Шуҷоат бо барномаи «Ҳуқуқи шумо» тайи 20 соли фаъолияташ дар болоравии маърифати ҳуқуқии мардум бо пешниҳоди тавсияҳои судманди ҳуқуқӣ хидмати шоистаи таҳсин анҷом дод. Имрӯз Фирӯз Каримзода бо барномаҳои «Чашми дил» ва «Гар дасти фитодае бигирӣ…» мушкилиҳои иҷтимоии ниёзмандону маъюбонро ба силки пажӯҳиш кашида, дар ҳалли онҳо саҳми муносиб мегузорад, дили нозуку пурмуҳаббати ин қишри осебпазири ҷомеаро ба зиндагӣ гармтар мегардонад. Барномахои дигаре, амсоли «Ҳадаф», «Ҳамсадо», «Суфраи шом», «Чашми саҳар», «Тоҷикистон», «Ҳадиси зан» ва гайра ба масъалаҳои мавҷудаи рӯзгори мардум сари вақт расидагӣ мекунанду миёни шунавандахо махбубияти зиёд доранд.
Радио бо неруи муқтадири сухан, ки ба қавли бузургонамон «фуруд аз арши барин омадаасту бахри покон ба замин», рисолати бузурги инсонсозӣ дорад. Ҳамин рисолати ҳуввиятсозию инсонсозӣ ва таблиғи худшиносиву худогоҳии миллиро имрӯз «Садои Душанбе» ҳамроҳ бо дигар расонаҳои ватанӣ масъулиятшиносона анҷом медиҳад. Иртиботи рӯзафзун ва наздикии мардум бо «Садои Душанбе» гувоҳи он аст, ки ин радио ҷойгоҳи арзандаи худро дар фазои итиллоотии кишвар чун яке аз дастгоҳҳои тавонои мафкуравӣ ва ҳифзи манофеи миллӣ ҳамчун яке аз мубаллиғони фаъоли сиёсати бунёдкоронаву фарҳангпарваронаи давлату Ҳукумат ва мунодии тавонои фарҳанги миллӣ пайдо намудааст.
Ҷашни 23-солагии таъсисёбии радиои «Садои Душанбе» ба ҳар як шунавандаи он муборак бошад!
Хуршед БАРИЕВ,
Муҳаррири варзидаи шабака