Паёми рӯшноиву меҳр
Тафаккури миллати куҳанбунёду тамаддунофари точик эҷодгари ҷашнвораҳоест, ки миёни мардум ҳазорсолаҳои зиёд бо самимияти хосса таҷлил мегарданд. Сада ҷашнвораи баргузида аст, ки дар сатҳи давлатдорон ва мардуми оддӣ пазируфта шуда аст. Шоирони садаи Х Манучеҳриву Унсурӣ ин ҷашнро «русуми кибор (бузургон), оини Каюмарсу Исфандиёр, ҷашни мулуки (шаҳриёрон)-и номдор ва ёдгор аз Ҷамшеду Фаридун» донистаанд. Дар ҷашнвораҳое, чун Сада, Меҳргон ва Наврӯз мардум саъй мекарданд худро аз ботин ба некӯӣ тагйир диҳанд, орзую ормонҳо кунанд, либоси навин ба бар намоянд, мусикиву суруд офаранд ва ба арвоҳи гузаштагон дуо хонанд.
Ниёгони мо барои ин маросим мавзеъҳои хос созмон медоданд. Ҷашнгоҳҳо бо бозору раставу дӯконҳо муҷаҳҳаз буданд. Дар парастишгоҳҳои аҳамияти ҳарбиву тиҷоратӣ ва парастишидошта оташкадаҳо бунёд мекарданд. Масалан, дар соҳили рӯди Вахш дар аҳди Ҳахоманишиён истеҳкоме бунёд карда буданд, ки имрӯз бо номи шартии Тахти Сангин маъруф аст. Дар маъбади ба эҳтироми Эзиди Оахшо сохтаашон хамеша оташи муқаддас фурӯзон буд. Мӯбадон намегузоштанд, ки он лаҳзае хомӯш шавад. Бинобар ин, барои нигохдории оташ аловхонаҳо ва оташдонҳо месохтанд. Ақвоми ориёӣ ба ҳикмат асрори оташро дарёфтанд. Онҳо нахуст Офтобро чун мазҳари гармиву рӯшноӣ арҷ гузоштанд ва оташро тимсоли он шинохтанд, ба рӯшаниву гармӣ хосиятҳои муқаддасу писандидае пайвастанд.
Мардумшиносон дар Қаротегину Дарвозу бисёр деҳоти Кӯлоб аловхонаҳои зиёде ёфтанд, ки то солҳои 30-и садаи гузашта барҷой буданд. Дар сармои зимистон дар ин аловхонаҳои дудхӯрда аксаран мардон барои ибодату суҳбату ҳолпурсӣ аз ҳамдигар ҷамъ меомаданд. Барои мардуми Бадахшон низ оташдон ҷойи муқаддас ва меҳроби хонадон дониста мешуд. Маросими сӯгворӣ бо номи «Чароғравшан» аз гиромидошти ин унсури муқаддас аз ҷониби онхо гувоҳӣ медихад. Аловхонаҳо дар куҳистони тоҷикон то густариши ислом вуҷуд доштанд.
Мутафаккири беназири Шарқ- Абӯрайҳони Берунӣ аз иди «Озарҷашн» ёд кардааст, ки онро қадимиён оғози зимистон дониста, оташҳои бузург дар хонаҳо меафрӯхтанд ва Худовандро ибодату ситоиши зиёд мекарданд. Яъне, ниёгони мо оташро намепарастиданд, балки ба он чун тимсоли Офтоби ҷаҳонафрӯз эҳтиром мегузоштанд. «Озарҷашн» ба рӯзи нахустини чила рост меомад. Барои ин рӯз меваи хушк-мавиз, анҷир, тут, зардолу, равғани зарду қурут ва мосту шир омода мекарданд. Ба хотири нахустин шаб миёни каҳу каҳдарзаҳо дар ҷойҳои хосса анор, чилон, санҷид ва тарбузи чилагӣ нигоҳ медоштанд, то рӯйи дастурхон бигзоранд.
Сада бо тавлиди Офтоб, шаби Ялдо дар пайвастагист. Яъне, метавон гуфт, ки Сада ҷашни чилаи Хуршеди оламтоб аст. Анъанае дар мардуми мост, ки аз рӯзи таваллуд то чиҳил рӯз навзодро дар хона, дур аз чашми бад, нигоҳ медоранд ва баъде, ки хандонрӯ мешавад, гаҳворабандон мекунанду пасон бо оташи Сада гарм мекунанд. Ҷонибеки Асрориён, фарҳангшиноси шинохта, ба таъбири шоирона Садаро «гаҳворабандони Офтоби ҷаҳонтоб» номидааст.
Гузаштагони мо русуми ғалатӣ доштанд. Онҳо рӯзи ҷашнҳо дар бухориву сандалиҳо гарм мешуданду 7 шамъ меафрӯхтанд,ғ изоҳои аз рӯйи мизоҷ гарми ҷашние, амсоли қурутоб, умоч, далда ва кашк мехӯрданд. Дар ин рӯз, ба хонаи хирадмандон мерафтанд, бо ёрон машварату бо душманон оштӣ мекарданд, Духтарон дар матоъҳои сурху нилобии нишонаи оташдошта нақшу нигор медӯхтанд, яъне меҳру самимият ва орзую ормони худро дар матоъ таҷассум мекарданд.
Кадбонуҳои гузаштаи тоҷик дар арафаи Сада, ки «Баҳманҷана» ном дошт, ба деги калоне аз ҳама рустаниву донагиҳо ва тухмҳову гӯштҳои ҳар ҳайвоне андохта мепухтанду ба ҳар ҷое мефурӯхтанд. Мардум баҳмани сурхро бо шири тоза мехӯрданд ва муборак медонистанд. Мардон дар майдони калоне ҳезум чамъ оварда, ба он нафт мепошиданд ва гулхани калоне меафрӯхтанд. Баъдан, ба пойи мурғону бадани ҳайвонот пахтаҳои нафтолуда овехта, аз назди гулхан мегузаронданд ва аз безобитаю ҷонсаракшавии ин мурғону ҳайвоноти оташгирифта завқу хушҳолӣ мекарданд, суруд мехонданд, арғушт мерафтанд. Бояд гуфт, ки Берунӣ маҳз ҳамин маросими азият додани ҷонваронро хуш надошт ва сахт накӯҳиш карда буд…
Сада дар худ паёме аз даврони куҳан, аз ихтирои бузурги инсоният дорад. Ин ҷашнвора намунаи барҷастаи ҳикмати ҷаҳонтасхири ниёгони номвари мост. Боиси ифтихору фараҳмандии мост, ки бо ибтикору дастурҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ҷашнвораҳои аҷдодони накӯноми мо дар солиёни Истиқлол аз нав эҳё гардиданд. Мардуми сарфарози мо онҳоро бо дилгармиву самимият ва хушҳолии беандоза ҳар сол ҷашн мегирад. Зеро миллате, ки гузаштаи худро фаромӯш намекунад ва ба офаридаҳои маънавии ниёгонаш – расму оин, анъанаю боварҳо ва урфу одатҳои мардумӣ эҳтиром дораду арҷ мегузорад, албатта, ба тамоми орзую мақсадҳои худ дар ҷодаи пешрафту шукуфоӣ хоҳад расид.
Хуршед БАРИЕВ,
муҳаррири варзида