Нигерия: Ҳамлаи мусаллаҳона ба 4 бонк ва ҳалокати 7 нафар
Дар натиҷаи як ҳамла аз ҷониби афроди мусаллаҳи ношинос дар иёлати Эдои Нигерия ҳафт нафар ба ҳалокат расиданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти полиси маҳаллӣ, афроди мусаллаҳ ба чаҳор бонк ҳамла кардаанд. Дар ин ҳамлаҳо ду афсари пулис ва панҷ ғайринизомӣ кушта шуданд. Ҷинояткорон тавонистаанд аз ҷои ҳодиса фирор кунанд, ҳоло мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Нигерия онҳоро ҷустуҷӯ доранд.
Дар бораи ҷузъиёти дигари ҳодиса хабар дода нашудааст. Қабл аз ин, як гурӯҳи ҷангҷӯёни мусаллаҳ ба деҳаи Галкогои Нигерия ҳамла намуда буданд, ки бар асари ин ҳамла даҳ сокини осоишта ба ҳалокат расида, ҳашт хонаи дигар ба коми оташ фуру рафтанд.