Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои занони милитсияи пойтахт баргузор гардид
Дар Раёсати Вазортаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои занони милитсияи пойтахт баргузор гардид, ки дар он як зумра масъалаҳои марбут ба занон, дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилот, дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо, пешниҳод ба вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти милитсия ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, хабар дод сардори маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе Сироҷиддин Шукуров ба АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиш муовини сардори РВКД, полковники милитсия Сайфулло Ҳабибов, раиси Шӯрои занон, подполковники милитсия Муниза Баҳриддинзода ва кормандзанони милитсияи шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Зимни мулоқот Сайфулло Ҳабибов нақши занонро дар пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини тартибот ва осоиштаҳолии шаҳрвандон баланд арзёбӣ намуд.
Мавсуф зикр кард, ки баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа дар мадди назари роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, сол то сол шумораи занон, ки дар сохторҳои гуногуни давлатӣ кору фаъолият мекунанд, рӯ ба афзоиш дорад. Аз ҷумла, дар сафи мақомоти милитсия низ кормандзанон бо далериву ҷасурӣ мардонавор ба халқу Ватан содиқона хизмат карда истодаанд.
«Дар милитсияи пойтахт занон дар вазифаҳои гуногун фаъолият намуда, дар тамоми чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ баҳри таъмини тартибот ҷамъиятӣ фаъолона ширкат менамоянд» -гуфт ӯ.
Зимни суханронӣ кормандзанони милитсияи шаҳри Душанбе иброз намуданд, ки ба савганди худ содиқ монда, бо мақсади таъмини волоияти қонун ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ саҳми арзишманди худро мегузоранд.