Дурнамои робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд

4 июл дар Вена мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо Ноиби Президенти Ассотсиатсияи палатаҳои тиҷоратии Австрия Рихард Шентс баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Австрия, инчунин омодагӣ ба нишасти навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла танзими анҷумани соҳибкорон дар ҳошияи ҷаласаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE