Пешравиҳои муассисаҳои таълимӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ

Дар даврони истиқлолии мамлакат мувоиқ ба талаботи ҷомеъа аксари муассисаҳои таълимии миёна, касбӣ ва олӣ   дар самти илмомӯзӣ ва тайёр намудани мутахасисони бозори меҳнат тағиротҳо  ба вуқӯъ пайвастанд, ки масъулин онро аз баркати истиқлоли давлатӣ маънидод менамоянд. Колеҷи омӯзгории  ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ  низ меваи замони истиқлол буда,  дар заминаи омӯзишгоҳи омӯзгории ба номи  Надежда Крупскаяи шаҳри Душанбе  таъсис ёфтааст.

Мастура Қосимова – мудири бахши идоракунии сифати таҳсилоти  Колеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи шаҳри Душанбе иброз медорад, ки коллеҷи мазкур мувофиқ ба талаботи хоҷагии халқи мамлакат ба мутахасисони педагогӣ ва пешрафти илму техника дар ҷаҳон, бо дастгирии ҳукумати кишвар заминаи модию техникӣ ва илмии ин муассиса, мукамал гардонида шуда, факултаҳои нав таъсис ёфтаанд.

Масъулини колеҷи мазкур бо такя ба  дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар бобати  омода намудани мутахассисони ба талаботи замона  ҷавобгӯ ва баланд бардоштани сифати таълим  хусусан сатҳи донишандӯзии донишҷуён  нақша-чорабиниҳоро тартиб дода,  аввалан синфхонаҳо бо технологияи муосир ҷиҳозонида, марказҳои тестии машварати иттилоотӣ  ташкил ва барои тартиб додани барномаҳои  муосир мутобиқ ба  дастоварҳои охирини  илм корҳои амалиро ба сомон расонидаанд.

Тоҷиддин Сатторзода

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE