Сергей Лавров: «Русия ва Тоҷикистон шарикони боэътимоди тиҷоратӣ-сармоягузориянд»

«Русия ва Тоҷикистон шарикони боэътимоди тиҷоратӣ-сармоягузорӣ мебошанд. Нақши махсусро дар ин кор ба Комиссияи дуҷонибаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ вомегузорем», — иброз намуд Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров зимни мусоҳиба бо Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар».

Ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди мушкилоти воқеӣ, соли 2021 тиҷорати мутақобила нисбат ба соли 2020 44,7% зиёд шуда, беш аз 1,2 млрд долларро ташкил дод. Дар моҳҳои январ-апрели соли 2022 15,7% афзоиш ёфтани он нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 (то 408,8 млн доллар) ба қайд гирифта шуд. Саҳми Русия дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон беш аз 21% аст.

Дар Тоҷикистон беш аз 300 корхона бо иштироки Русия фаъолият мекунанд. Ҳаҷми умумии маблағгузории Русия ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ 1,6 миллиард доллар ё 16 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории хориҷиеро, ки ба мамлакат ворид шудааст, ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб 0,8 миллиард доллар ё 17,7 фоиз ба ҳаҷми умумии сармоягузории мустақим баробар аст.

Ёдовар мешавем, ки 8 апрели соли 2022 ба барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия расо 30 сол пур шуд. Давоми ин солҳо миёни ду давлат зиёда аз 300 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбию техникӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра ба имзо расиданд. Ин заминаи муҳими ҳуқуқӣ мебошад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE