Ғолибони озмуни «Ташаккули тарзи ҳаёти солим» муайян ва қадрдонӣ шуданд

29-уми декабри соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбастии озмуни «Ташаккули тарзи ҳаёти солим» дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар соли 2022 доир гардидааст.

Ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм дар он Зиёдулло Абдулзода-муовини вазири маориф ва илм, Равшан Тоҳиров-муовини роҳбари Хазинаи нуфуси СММ (UNFPA) дар Тоҷикистон, намояндагони раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, шарикони рушд ва ғолибони озмун иштирок намуданд. 

Ба иттилои манбаъ, дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳамсол ба ҳамсол» ва маблағгузории Хазинаи нуфуси СММ (UNFPA) дар Тоҷикистон соли сеюм аст, ки озмуни «Ташаккули тарзи ҳаёти солим» дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баргузор мегардад ва Низомномаи озмуни мазкур аз тарафи Вазорати маориф ва илм таҳия гардида, бо қарори ҳайати мушовара тасдиқ карда шудааст. 

Озмуни «Ташаккули тарзи ҳаёти солим» дар байни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар се давр гузаронида шуда, даври сеюми он моҳи декабр дар Вазорати маориф ва илм ҷамъбаст карда шуд. 

Соли равон дар даври ҷумҳуриявии озмун муассисаҳои таълимии довталаб аз ВМКБ (Хоруғ, Шуғнон, Мурғоб), вилояти Хатлон (Бохтар, Норак, Муъминобод), вилояти Суғд (Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ), шаҳри Душанбе (Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино) ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (Ваҳдат, Турсунзода, Рӯдакӣ) иштирок варзиданд. 

Таъкид гардид, ки дар маҷмуъ, дар озмун 3237 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок карданд, ки дар онҳо зиёда аз 2 миллион нафар хонанда фаро гирифта шуда, оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим ва солимии репродуктивии наврасон маълумот гирифтанд. 

Ба даври ниҳоии озмуни мазкур 15 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла, аз ВМКБ 3 муассисаи таълимӣ (Хоруғ – муассисаи №7, Шуғнон – муассисаи №28, Мурғоб – муассисаи №9), вилояти Хатлон 3 муассисаи таълимӣ (Бохтар – муассисаи №10, Норак – муассисаи №3, Муъминобод – муассисаи №2), вилояти Суғд 3 муассисаи таълимӣ (Хуҷанд – муассисаи №5, Бобоҷон Ғафров – муассисаи №15, Айнӣ – муассисаи №6), шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 3 муассисаи таълимӣ (Ваҳдат – муассисаи №1, Турсунзода – муассисаи №12, Рӯдакӣ – муассисаи №182) ва шаҳри Душанбе 3 муассисаи таълимӣ (Фирдавсӣ – муассисаи №30, Сино – муассисаи №38, Шоҳмансур – муассисаи №100) иштирок намуда, 5 муассисаи таълимии беҳтарин – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38 ноҳияи Сино, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 шаҳри Турсунзода, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 шаҳри Хоруғ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 шаҳри Хуҷанд ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 шаҳри Норак муайян карда шуда, бо туҳфаҳои хотиравӣ ва “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм қадрдонӣ шуданд.

Ҳамчунин, тибқи талаботи Низомномаи озмун беҳтарин омӯзгори фанни биология ва беҳтарин ҳамшираи тиббӣ дар муассисаҳои таълимии зикргардида муайян карда шуда, Аминов Сабзалӣ- омӯзгори фанни биологияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №100 ноҳияи Шоҳмансур ва Нуралиева Умеда-ҳамшираи тиббии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 шаҳри Норак бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм сарфароз гардонида шуданд. 

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE