ДАР СОЛИ 2023 ВАРЗИШГАРОНРО ЧӢ ИНТИЗОР АСТ?

уҳимтарин чорабинии варзишии соли 2023 19-ум Бозиҳои Осиё мебошад, ки аз 23 сентябр то 8 октябр дар шаҳри Ҳангжоуи Чин доир мегардад. Ин чорабинӣ дар аввал қарор буд, ки соли 2022 баргузор шавад, вале бинобар сабаби пандемияи COVID-19 як сол ба таъхир андохта шуд. Ба барномаи бозиҳо 40 намуди варзиш ворид гардидааст ва дар якчанд намуд, аз ҷумла бокс, шиноварӣ, тӯббозӣ дар об, камонварӣ варзишгарон имкони дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпиро доранд. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Сипас, 17-26 ноябр дар шаҳрҳои Бангкок ва Чонбурии Тайланд 6-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ баргузор мешавад. Ба барномаи ин бозиҳо 35 намуди расмии варзиш ва ду намуди варзиши намоишӣ ворид шудааст ва ҳамагӣ 334 мусобиқаро дар бар мегирад. Бангкок дорои 13 макон хоҳад буд, ки 123 мусобиқаро баргузор мекунад ва Чонбури – музофоти соҳилӣ, ки бо макони сайёҳии Паттайя машҳур аст, дар 9 макон 211 мусобиқа доир хоҳад кард.

Аз чорабиниҳои дигари сатҳи баланди варзишӣ дар соли 2023 2-юм Бозиҳои соҳилии ҷаҳонии ANOC мебошад, ки моҳи август дар Балии Индонезия ба нақша гирифта шудааст ва варзишгарони мо дар сурати ба даст овардани роҳхат имкони иштирок дар онро доранд.

Тавре дар боло гуфтем, тими мунтахаби футболи кишвар дар Ҷоми Осиё-2023 ширкат хоҳад кард, ки эҳтимол охири сол дар Қатар доир гардад. Ҳамчунин, дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-сола моҳи май дар Тайланд ва ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон моҳи март дар Узбекистон дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё иштирок мекунанд.

Тоҷикистон 2-4 июн бори аввал Гран Прӣ оид ба ҷудоро мизбонӣ мекунад. Ин мусобиқаи байналмилалӣ дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии пойтахт баргузор хоҳад шуд. Ҳамчунин, чун анъана дар Рӯзи пойтахт (шанбеи сеюми моҳи апрел) Ниммарафони Душанбе, моҳи март аввалин мусобиқаи байналмилалӣ – Ҷоми Тоҷикистон оид ба қайиқронии слалом доир хоҳанд шуд.

Дигар мусобиқаҳои анъанавӣ, мисли чемпионатҳои Осиё ва ҷаҳон оид ба намудҳои гуногуни варзиш, мусобиқаҳои байналмилалии рейтингӣ ва интихобии олимпӣ ба нақша гирифта шудаанд. Ҳамаи мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо дар соли 2023 интихобии олимпӣ маҳсуб меёбанд. Варзишгарон дар мусобиқаҳо иштирок карда, хол ба даст меоранд ва мавқеашонро дар радабандии олимпӣ беҳтар мекунанд. Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштин, ки моҳи сентябр дар Белгради Сербия баргузор мешавад, дар ҳар вазн (6 вазн гуштини юнонӣ-римӣ, 6 вазн гуштини озод, 6 вазн гуштини бонувон) 4 роҳхати олимпӣ дода мешавад. Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ моҳи июл дар Фукуокаи Ҷопон дар намуди эстафета ва даставӣ 3 роҳхати олимпӣ тақсим мешавад. Дар намудҳои инфиродӣ бошад, варзишгарон бояд меъёрҳои муқарраркардаи Созмони ҷаҳонии варзишҳои обӣ (World Aquatics)-ро иҷро кунанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE