ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БЕҲТАРИНҲОИ МАВСИМИ 2022-РО ҚАДРДОНӢ НАМУД
Федератсияи футболи вилояти Хатлон 4-уми январ дар шаҳри Бохтар натоиҷи мавсими футболи гузаштаро ҷамъбаст намуда, беҳтаринҳоро аз рӯйи номинатсияҳои гуногун муайян кард. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ дод.
Дар чорабинии мазкур раиси вилояти Хатлон, раиси Федератсияи футболи вилоят, узви Кумитаи иҷроияи ФФТ Қурбон Ҳакимзода, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, директори генералии Лигаи футболи кишвар Сайвалӣ Шоқурбонов ва дигар меҳмонони фахрӣ ширкат намуданд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода маросимро ифтитоҳ намуда, изҳори умедворӣ кард, ки соли 2023 барои дастаҳои вилояти Хатлон боз ҳам пурсамару бобарор хоҳад буд.
Сипас дар номинатсияҳои гуногун мукофотҳои инфиродӣ супорида шуданд. Беҳтарин бозигарон ва мураббиёни футболи наврасону занона, чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаҳои олӣ ва якум, инчунин чемпионати ҷумҳурӣ байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон мукофотонида шуданд.
«Ҳосилот»-и Фархор, ки дар мавсими 2022 ғолиби лигаи якуми Тоҷикистон гардид, соҳиби медалҳои тилло гардид. Дастаи «Равшан», ки дар лигаи олии Тоҷикистон-2022 мақоми дувумро гирифт, бо медалҳои нуқраи чемпионат сарфароз шуд.
Илова бар ин, ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон ҳам мукофотонида шуданд. Дар ин минтақа ғолиби лигаи дуюм дастаи «Шоҳин»-и ноҳияи Муъминобод гардид. Медалҳои нуқра ба бозигарони дастаи «Нури деҳот» (Панҷ) супурда шуданд. Ва медалҳои биринҷӣ насиби тими «Хуросон» гардиданд.