Соли 2030 ҷаҳон метавонад ба норасоии 10 миллион корманди соҳаи тиб ва парастор дучор шавад
Ҳоло кишварҳои зиёде бо норасоии шадиди ҳайати табибон ва кормандони ин соҳа оид ба нигоҳубини маъюбон дучор мегарданд. То соли 2030 норасоии мутахассисони ин касбҳо дар ҷаҳон метавонад ба 10 миллион нафар расад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус дар брифинги Женева директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Адҳаном Гебрейус изҳор дошт.
«Кормандони тиб асоси ҳама гуна низоми тандурустӣ мебошанд, бисёр кишварҳо норасоии шадиди кормандони тиббӣ ва парасторонро аз сар мегузаронанд ва бисёре аз онҳо барои дарёфти маош ва шароити беҳтар ба давлатҳои дигар мераванд»,-гуфт директори генералӣ. Бинобар арзёбии СУТ, агар тамоюли кунунӣ идома ёбад, ҷаҳон то соли 2030 бо норасоии 10 миллион нафар корманди соҳаи тиб ва парастор рӯбарӯ хоҳад шуд. Ин норасоии шадид ба кишварҳои фақиртарин рост меояд.
СУТ аз тамоми давлатҳо даъват кардааст, ки кормандони соҳаи тандурустӣ ва парасторони худро бо роҳи фароҳам овардани шароити бехатари корӣ, маоши муносиб, ҳифзи ҳуқуқи меҳнат, ҳамчунин аз зӯроварӣ ва табъиз ҳимоят ва сармоягузорӣ кунанд.