СММ: БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ ТАҒИРЁБИИ ИҚЛИМ ДАР САММИТ

Роҳбари Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар ҳамоиш оид ба “ҳадафҳои азим барои тағирёбии иқлим”, ки таҳти раёсати СММ баргузор шуд, суханронӣ карда, се пешниҳод оид ба идоракунии ҷаҳонии иқлимро манзури иштирокдорон кард.

Чин дар ин ҳамоиш ваъда дод, ки кишвараш иқтидори умумии насбшудаи энергияи бодӣ ва офтобии худро то соли 2030 ба 1,2 миллиард киловатт хоҳад расонид. Си Ҷинпин кишварҳои ҷаҳонро дар роҳи ба даст овардани муваффақиятҳои нав дар идоракунии иқлим ба муттаҳидшавӣ даъват намуда, изҳор дошт, ки барои расидан ба ин ҳадаф ҳамкории самарабахш бояд ба роҳ монда шавад.

Чин иштирокчии фаъоли вокуниши ҷаҳонӣ дар самти коҳиши тағирёбии иқлим мебошад. Соли ҷорӣ пешвои ин кишвар Си Ҷинпин борҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки эътимодро тақвият диҳанд ва муносибати нав ба идоракунии иқлимро дар асоси барқарорсозии ҳадафи “сабз” қабул кунанд. “Мо интизорем, ки қуллаи партоби гази карбон то соли 2030 ба даст хоҳад омад ва то соли 2060 мо метавонем бетаъсирии карбонро ба даст орем” – таъкид доштааст роҳбари Чин.

Ӯ аз кишварҳои ҷаҳон даъват ба амал овард, ки дар идоракунии иқлим ба дастовардҳои нав ноил шаванд, дар ташаккули чорчӯбаи нави идоракунии иқлим кӯмак расонанд ва муносибати навро дар идоракунии иқлим бо таваҷҷӯҳ ба барқарорсозии иктисоди “сабз” равона кунанд. Ба гуфтаи роҳбари Чин, ҳеҷ кас набояд дар расидагӣ ба мушкилоти тағирёбии иқлим дар канор монад, зеро дар танҳоӣ наметавон ба ҷое расид.

Си Ҷинпин аз кишварҳои пешрафта даъват кард, ки дастгириро ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар соҳаи молия, технология ва таҳкими иқтидор афзоянд. Номбурда аз ӯҳдадориҳои иловагии Чин ёдрас шуда, эълон кард, ки кишвараш ният дорад дар вокуниш ба чолишҳои иқлимии ҷаҳонӣ саҳми бештар гузорад.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ин ташаббуси Чин ба хостаҳои кишварҳои рӯ ба тараққӣ ҷавобгӯ буда, роҳҳои оқилонаи такмили идоракунии ҷаҳонии тағирёбии иқлимро нишон медиҳад. Маҷмӯи тадбирҳои наве, ки Чин қабул кардан мехоҳад, ба саҳми арзанда дар мубориза бо тағирёбии иқлим нигаронида шудааст. “Суханронии Си Ҷинпин ба ҷаҳониён паёми возеҳе медиҳад, ки ин кишваи муқтадир чӣ гуна ба ваъдаи худ вафо карданро медонад ва хеҷ гоҳ ваъдаҳои хушку холӣ нахоҳад дод”, – гуфтаанд коршиносони байналмилалӣ.

Чанде пеш, Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WMO) ПеттерТаалас қайд карда буд, ки ҳукумати Чин ба рушди манбаъҳои нав ва барқароршавандаи энергия диққати бештар медиҳад. Номбурда аз муваффақиятҳои ҶМЧ дар ин самт ситоиш кардааст. “МақомотиЧин нақша дорад, ки партоби гази карбонро аз соли 2005 то соли 2030 ҳадди аққал 65% коҳиш диҳанд”, – гуфт Си Ҷинпин дар Саммит оид ба ҳадафҳои тағирёбандаи иқлим. Дар ҳамин ҳол Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонию Гутерреш дар мусоҳиба бо яке аз оҷонсиҳои чинӣ нақши раҳбарии Чинро дар самти кӯшишҳо барои кам кардани карбон дар оянда таъкид кард.

Мавриди зикр аст, ки 12 декабри соли 2015 Созишномаи иқлимии Париж қабул карда шуд. Ба гуфтаи коршиносон, ин паймон дар мубориза бо тағирёбии иқлим нақши муайяне бозидааст, аммо натиҷагирӣ аз раванди он ҳанӯз барвақт аст. Ҳодисаи муҳим қарори хориҷ шудани ИМА аз созишнома мебошад, ки ин раванд моҳи ноябри соли 2020 баохир расид. Иқдоми маъмуриятиДоналд Трамп дар ин хусус эътирози кишварҳои ҷаҳонро ба бор овард. Президенти тозаинтихоби Америка Ҷо Байден ваъда додааст, ки кишварашро дубора ба Созишномаи Париж бармегардонад. Ин иқдоми ӯ аз ҷониби давлатҳои Иттиҳоди Аврупо бо хушҳолӣ пазируфта шуд.

Созишномаи иқлими Париж дар асоси Протоколи Киото, ки танҳо дар кишварҳои пешрафта татбиқ мешуд, қабул шудааст. Дар ин Созишнома ӯҳдадориҳои кишварҳо муайян гардида, барои вайрон кардани муқарароти он ҷазо низ пешбинӣ шудааст. 

Тоҷиддин САТТОРЗОДА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE