Дар Балҷувон бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист мавриди истифода қарор гирифт

Дар доираи раванди корҳои бунёдкорию созандагӣ дар иртибот ба таҷлили сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Балҷувон ифтитоҳ гардид, ки дар маросими ба истифода додани он роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд. Дар ин хусус Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Сохтмони бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Балҷувон соли 2018 оғоз ёфта, фармоишгари он Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Корҳои лоиҳакаширо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Аркон» ва корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоир сохтмон» ва «Сабо ширкат» бо сифати баланд ба итмом расонидаанд.

Бино аз 2 ошёна иборат буда, дорои 4 утоқи корӣ, китобхона, 1 маҷлисгоҳи хурд ва меҳмонхона аст. Маблағгузории пурраи сохтмони бино ва хариди таҷҳизот дар ҳаҷми 2,0 миллион сомонӣ аз ҳисоби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гаштааст.

Фаъолияти корӣ дар чунин бинои замонавӣ, истифодабарии техникаи компютерӣ, таҷҳизоти замонавӣ ва дигар имкониятҳои мавҷуда кормандони соҳаро водор месозад, ки вазифаҳои хизматии худро бо масъулияти баланди шаҳрвандию касбӣ иҷро намуда, дар рушди соҳа ва пешрафти минбаъдаи ноҳия саҳми арзандаи худро гузоранд.

Бо шарофати ғамхории доимии Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар тозаю озода нигоҳ доштани табиати ҷумҳурӣ, корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла беҳтар намудани шароити фаъолияти мақомоти зертобеи худ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ корҳои зиёде амалӣ карда истодааст. Ин аст, ки раванди корҳои бунёдкорию созандагӣ дар доираи омадагӣ ба Ҷашни 35 –солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати тоза мегиранд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE