Қарзи Агентии беҳдошти замин ва обëрӣ дар 6 моҳи охир 46,16 миллион сомониро ташкил дод
Имрӯз дар Агентии беҳдошти замин ва обëрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Зимни нишаст таъкид гардид, ки қарзи идораҳои зертобеи Агентии беҳдошти замин ва обëрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қувваи барқи истифодашуда дар назди ҶСК “Барқи Тоҷик” дар 6 моҳаи соли ҷорӣ 46,16 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки сабаби пайдоиш ва болоравии он паст будани тарифи ҳаққи хизмати обрасонӣ ва пайваста баланд гардидани тарифҳои нерӯи барқ мебошад.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе