Прокурори генералии Тоҷикистон дар Конфронси генералии Ассотсиатсияи байналмилалии прокурорҳо иштирок намуд

 Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи 28-уми Ассотсиатсияи байналмилалии прокурорҳо, ки 24-25 сентябр дар шаҳри Лондони Британияи Кабир баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи умумии Ассотсиатсияи байналмилалии прокурорҳо бо Прокурори генералии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Макс Ҳил, прокуророни генералии якчанд мамлакатҳо ва мансабдорони баландпояи Британияи Кабир мулоқотҳои дуҷониба анҷом дод.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мулоқоти алоҳида, ки дар Департаменти (вазорати) корҳои дохилӣ, Департаменти (вазорати) корҳои хориҷӣ ва Хадамоти бехатарии Британияи Кабир доир гашт, масъалаҳо вобаста ба ҳамкории муштарак ҷиҳати мубодилаи иттилооти фаврӣ оид ба хатару таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, киберҷиноятҳо, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва дигар масъалаҳои мубрам баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои ҳамкории судманд дар мавзуъҳои гуфташуда байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои марбутаи Британияи Кабир Ёддошти тафоҳум таҳия ва ба имзо расонида шавад.

АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE