ХАБАРНИГОРИ РАДИОИ «САДОИ ҒУР» ТЕРРОР ШУД

Хабаргузории «tolo.news» бо истинод ба маълумоти Ориф Муҳаммад Обир, сухангӯи раиси вилояти Ғури Афғонистон, иттилоъ дод, ки Бисмиллоҳ Одил, хабарнигор ва масъули радиои «Садои Ғур», субҳи 1 январи соли 2021 дар наздикии шаҳри Фирузкӯҳ, маркази ин вилоят кушта шуд.

Ба гуфти сухангӯи раиси вилояти Ғур, Бисмиллоҳ Одил ҳангоми бозгашт аз деҳаи Дараи Темур, ки дар наздикии шаҳри Фирузкӯҳ ҷойгир аст, дар роҳ ба ҳамлаи силоҳбадастони ношинос қарор гирифт ва ҷон бохт.

Ғуломраббонӣ Ҳадафманд, масъули кумитаи амният ва масунияти хабарнигорон дар вилояти Ғур мегӯяд, «таҳдидҳои амниятиро дар баробари Бисмиллоҳ Одил ва дигар хабарнигорон дар ин вилоят борҳо бо ниҳодҳои амниятӣ дар миён гузоштааст, вале то ҳол чораандешӣ нашудааст».

Бисмиллоҳ Одил тақрибан даҳ рӯз пеш дар саҳифаи фейсбукаш оид ба он ки таҳдидҳо ба ҷонаш ҷиддӣ гирифта нашудааст, шикоят карда, ба дӯстону наздиконаш тавсия додааст, ки эҳтиёт бошанд.

Гуфта мешавад, ки то кунун ҳеҷ гурӯҳе террори Бисмиллоҳ Одилро ба ӯҳда нагирифтааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE