ХУШХАБАР: ДАР ТОҶИКИСТОН ГИРИФТОРШАВӢ БА БЕМОРИИ COVID-19 КАМ ШУДААСТ
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳодисаи нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID – 19 ба қайд гирифта нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 31 декабр ва 1 январ низ ягон шаҳрванди кишвар ба ин беморӣ гирифтор нашуда буд. Рӯзи 2 январ шумораи сироятёфтагон дар як шабонарӯзҳамагӣ 4 нафарро ташкил медод.
Дар маҷмӯъ, то имрӯз, дар кишвар 13 300 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID – 19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то имрӯз 12 980 нафар ё 97,6% шифо ёфтаанд. Инчунин, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.
Ҳамзамон, 230 нафари боқимонда бо нишонаҳои сабуки бемории мазкур дар хона зери назорати дармонгоҳӣ қарор доранд.