Ташкилотҳои қарзӣ чӣ талошҳоеро барои истифодаи технологияи бонкӣ ба харҷ доданд?

Тайи як соли охир дар низоми хизматрасониҳои бонкии кишвар, навовариҳои назаррас бо истифода аз технологиҳои иттилоотиву иртиботии мусоир роҳандозӣ шуданд, ки муштариён онҳоро хуб пазируфтаанд.
    Дар як муддати кӯтоҳ чандин бонк, ташкилоти хурди молиявӣ ва ҳатто ширкатҳои алоқаи мобилӣ ҳамёнҳои электронӣ ва замимаҳои махсуси телефониро бо имконоти ҳамсон фаъол карданд.“Alif mobi” аз “Алифбонк”, “Амонат мобайл” аз “Амонатбонк”, “Арванд” аз бонки “Арванд”, “Spitamen pay” аз «Спитамен бонк», “Фаврӣ” аз “Комерсбонк Тоҷикистон”, “Эсхата онлайн” аз «Бонки Эсхата», “Atlaspay” аз низоми пардохтии «Тамвил», “DC Wallet” аз “Dushanbe City”, “IMON online” аз “Имон Интернешнл”, “Humo Online” аз “Ҳумо”, “МегаФон Life” аз ширкати “Мегафон Тоҷикистан”, “MyBabilon” аз «Вавилон-Mобайл» ва замимаи «ТезСум» аз ширкати “Tcell” ва Аввалин бонки молиявии хурд, аз ҷумлаи ҳамёнҳои мобилӣ ва замимаҳои телефоние ҳастанд, ки дар ҳоли ҳозир аз сӯйи муштариёни хизматрасониҳои бонкӣ фаровон истифода мешаванд.

Бо истифода аз ин ҳамёнҳои электронӣ ва замимаҳои телефонӣ муштариён метавонанд ба сурати шабонарӯзи пардохти пули телефонҳои мобилӣ, барқ, об, хариди молу хизматрасониҳо, пардохти қарзҳо ва дархост барои гирифтани қарз, интиқолоти пулӣ дар дохилу хориҷи кишвар ва интернет-бонкингро анҷом диҳанд.

Дар ин росто, Бонки миллии Тоҷикистон низ тайид мекунад, ки ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар айни замон аз технологияҳои муосир барои пардохтҳои ғайринақдӣ, аз ҷумла, пардохтҳо тавассути QR-рамзҳо, интернет-бонкинг, бонкдории мобилӣ ва ҳамёнҳои электронӣ фаровон истифода мекунанд.

Гуфта мешавад бо истифода аз ҳамёнҳои электронӣ дар даҳ моҳи соли ҷорӣ ба маблағи наздики 370 млн. сомонӣ амалиётҳои ғайринақдӣ анҷом дода шудааст. Камила Сайнемонова корманди Бонки миллии Тоҷикистон мегуяд, ки тайи як соли охир шумораи ҳамёнҳои мобилӣ 5,8 маротиба афзуда, ба наздики 1,5 млн адад расидааст.

Ташкилотҳои қарзӣ бо мақсади рушди хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ ва зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ фаъолона QR-рамз насб карда истодаанд, ки аз ҷиҳати хароҷот ва дастгирии техникӣ назар ба терминалҳои электронӣ нисбатан камхарҷ буда, барои истифодабарандагони он имконияти васеътарро барои пардохтҳои ғайринақдӣ фароҳам меоранд. Ба санаи 31 октябри соли 2020 дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонии ҷумҳурӣ 4 847 адад QR-рамз мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 073 адад ё 2,7 маротиба зиёд мебошад”– иброз дошт, Камила Сайнемонова.

Дар ҳамин ҳол дар масъалаи интиқоли маблағ аз хориҷи кишвар тавассути ҳомиёнҳои электронӣ ва ё замимаҳои телефонӣ,  ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзии молиявии Русия дар авлавият қарор дорад. Яъне муштариён метавонанд аз тариқи кортҳои русии Visa, MasterCard ва ё МИР мустақиман ба ҳамёнҳои электронӣ ташкилотҳои қарзии молияии Тоҷикистон пул интиқол бидиҳанд. Ҳамчунин шаҳрвандон метавонанд кортҳои низомҳои пардохтии «Корти миллӣ», Visa, MasterCard ва МИР-ро ба ҳамёни электронии худ пайваст намоянд.

Ба гуфтаи Бонки миллии Тоҷикистон сабаби бештар ба роҳ мондани ҳамкории ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо ташкилотҳои Федератсияи Россия, ин дар ҳаҷми назаррас зиёд будани шумораи интиқолҳо аз давлати номбурда мебошад.

Бояд гуфт, ки ахиран бархе расонаҳо бо такя ба иттилои Бонки марказии Русия навиштанд, ки ҳаҷми интиқоли маблағ бо истифода аз низомҳои пардохтӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ се баробар зиёд шуда,  1 млрд. 221 млн долларро ташкил додааст.

Яъне ба навишаи ин манба дар соли ҷорӣ 99,8% интиқоли маблағ аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон бо истифода аз низомҳои пардохтӣ анҷом дода шудааст.  Дар ҳоле ки ба иттилои ин манба,  ҳиссаи интиқоли маблағ тариқи низомҳои пардохтӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар соли 2019 ҳамагӣ  25% -ро ташкил дода буд.

Шакли савтӣ ин ҷо дастрас аст:

   Ёдовар мешавем, моҳи декабри соли 2019 Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти Маркази миллии протсессингиро оид ба интиқоли маблағ бидуни кушодани суратҳисоб роҳандозӣ намуд, ки айни замон интиқоли маблағҳо тавассути низомҳои байналмилалии Юнистрим, Контакт ва  Вестерн Юнион амалӣ мегардад. Дар ин замина бояд таъкид кард, ки тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ва замимаҳои мобилӣ бошад, интиқол аз суратҳисоб ба суратҳисоб гузаронида мешавад, яъне ин ду намуди гуногуни хизматрасонӣ мебошад.


Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи коршиносон дар шароити пандемияи Ковид-19, ки яке аз роҳҳои пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ, худдорӣ аз рафту омад ба маконҳои серодам ва риояи фосилаи иҷтимоӣ дониста мешавад, аз ин рӯ дар ин шароит рушди пардохтҳои ғайринақдӣ бо истифода аз технолоияи иттилоотиву иртиботии муосир, барои суботи низоми бонкӣ хеле муҳим аст.

Ҷовид Боймуродов

Ҷовид Боймуродов, коршиноси умури бонкӣ, мегуяд, ки роҳандозии технологияҳои муосир барои пардохтҳои ғайринақдӣ, аз ҷумла, интернет-бонкинг, бонкдории мобилӣ ва ҳамёнҳои электронӣ ҷавобгӯи талаботи рӯз аст.  Маҳсулотҳои нави бонкӣ, аз ҷумла кортҳои бонкӣ, ки ба ҳамёнҳои электронӣ пайваст ҳастанд, имконият медиҳанд то муштариён бидуни омадан ба бонкҳо дилхоҳ амалиёти бонкӣ, интиқол аз як корт ба корти дигар, дарёфт ва ё интиқоли пул ба хориҷи кишвар, пардохти ҳаққи молу хизматрасониҳоро аз хона анҷом диҳанд. Ин равиши кор ҳам барои муштариён ва ҳам барои ташкилотҳои қарзӣ манфиатовар аст”.

Дар ҳамин ҳол ташкилотҳои молиявии қарзӣ ва ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон барои ҷалби бештари муштариён ба мизоҷони худ тариқи ҳамёнҳои электронӣ  аз 5 то 50%  кэшбэк ё худ бозгашти фоизи муайян аз арзиши молро пешниҳод мекунанд. Ба унвони мисол ҳангоми пардохт бо истифодаи QR-код, ба Шумо 0,5% кэшбэк аз маблағи пардохт барои ҳама молҳо ва хидматҳо пешниҳод карда мешавад.

Аз сӯи дигар Асомиддин Атоев коршиноси технологияҳои иттилоотивӣ иртиботӣ мегуяд, ки бемории ҳамагир нақши ҳаётии фановариҳои муосири рақамиро дар зиндагии ҳаррӯзаи мо собит кард, аз ин рӯ барои рушди ҳар чӣ бешари он бояд талош кард.

Ба гуфтаи Асомиддин Атоев дар ин замина зарур аст, ки ниҳодҳои давлатӣ аз ширкатҳои алоқаи мобилӣ, ки як бахши муҳим дар раванди рушди пардохтҳои ғайринақдӣ бо истифода аз технологияҳои навин маҳсуб мешаванд, ҳимоят кунанд. Вай дар ин замина гуфт:   “Пандемияи Ковид-19 исбот кард, ки чӣ қадар ҳаёти мо печидааст бо технологияҳои электронӣ, технологияҳои рақамӣ ва онлайнӣ. Аз ин рӯ ҳавасманд кардани ширкатҳои мобилӣ барои зиёд кардани корбаронашон зарур аст то шумораи ҳар чӣ бештари мардум аз ҳамёнҳои электронӣ истифода кунанд.”

Дар идомаи суҳбат Асомиддин Атоев аз сарбории зиёди андоз нисбати соҳаи телекомуникатсия дар кишвар изҳори нигаронӣ карда, гуфт, чунин вазъият боис шуд, ки бозори беш аз 500 миллион доллараи технологияҳои итилоотиву иртиботӣ дар кишвар дар соли 2013,   то ба ҳудуди 200 миллион доллар коҳиш ёбад.

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи Далер Мерганов коршиноси масоили иқтисодӣ, бо назардошти таҷрибаи кишварҳои пештрафта,  барои рушди бештари пардохтҳои ғайринақдӣ истифода аз усулҳои ҳавасмандгардонӣ ва пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ба соҳибкорону тоҷирон бояд истифода кард.

“Таҷрибаи  пешрафта дар давлатҳои дигар як навъ ҳавасмандгардонӣ аст ва ҳамин усулро бояд дар қонунгузорӣ ҷо кунанд. Манзури  ман он аст ки мо бояд ба соҳибкорон моликони марказҳои савдо ва нуқтаҳи хизматрасонӣ, ки аз технологияҳои пардохти ғайринақди ситифода мекунанд, агар ягон намуд имтиёз пешниҳод шавад, онҳо ҳавасманд мешаванд.Манзури ман албатта имтиёзҳои андозӣ аст“- гуфт Далер Мерганов.

Дар баробари ин ба гуфтаи коршиносони технологияҳои иттилоотиву комуникатсионӣ яке дигар аз омилҳои таъсиргузор ба раванди рушди пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи фановариҳои муосир дар самт, дастрасӣ ва интернети босуръат дар саросари кишвар аст.  Агар ин масъала дар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон то ҷое ҳалли худро пайдо карда бошад, аммо дар манотиқи дурафтода ҳамоно шабакаи таъминоти мардум ба алоқаи босифтаи маобилӣ ва интернети баландсуръат ба таҷдид ва тавсеа ниёз дорад.

Тибқи омори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон айни замон дар кишвар наздики 5,3 млн нафар муштариёни фаъоли алоқаи мобилӣ буда, шумораи истифодабарандагони интернет ва беш аз 3 млн мерасад.

Ба ҳар сурат сарфи назар аз тамоми мушкилот,  далелҳои зикшуда ҳокӣ аз он аст, ки Тоҷикистон дар раванди истифодаи аз технологияҳои навини иттилоотиву комуникатсионӣ барои рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар оғози кор буда, масири дурустро дар ин раванд интихоб кардааст.

Зиёратшои Аҳмадшо

радиои “Тоҷикистон”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE