Истиқболи Фаррух Ҳасанов, ғолиби озмуни “Ну-ка, все вместе!” дар фурудгоҳи Душанбе
Фаррух Ҳасанов, ғолиби озмуни “Ну-ка, все вместе!” шоми имрӯз, 28-уми ноябр, вориди Душанбе шуд.
Ӯро Хайринисо Юсуфӣ – муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Обид Назариён – муовини якуми вазири фарҳанг, Дилбар Одилзода – муовини раиси шаҳри Душанбе, волидону пайвандон ва ҳаводорони зиёд пешвоз гирифтанд.
Бояд гуфт, ки Фаррух Ҳасанов дар озмуни овозхонии “Ну-ка, все вместе!” ғолибият ба даст овард.
Овозхони ҷавони тоҷик бо касби 98 овоз аз 100 узви доварон дар мавсими панҷуми озмуни овозхонии “Ну-ка, все вместе!” ғалаба ба даст овард ва 5 миллион рубл ҷоизаи асосии ин озмунро гирифт.