Дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи либосҳои миллӣ-тавсиявӣ доир гардид

Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи корӣ вобаста ба таҳияи лоиҳаи либосҳои миллӣ-тавсиявӣ бо назардошти арзишҳои миллӣ баргузор гардид. Дар  ин бора аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки имрӯз ба либоси бегона гаравидани  занону духтарони тоҷик хеле зиёд ба назар мерасад, ки ин боиси нигаронии ҷомеа мебошад.

Либоси миллӣ ҷузъи муҳими фарҳанг буда, сатҳи маданияту маърифати миллат дар он таҷассум мегардад. Аз ин рӯ, занону духтарони тоҷикро мебояд, ки ба анъанаҳои миллии либоспӯшӣ арҷ гузоранд ва аз тақлид ба фарҳанги бегона даст кашанд.

Тавре 9 марти имсол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо масъулини мақомоти ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли ҷомеа, олимон ва ходимони дин иброз намуданд, «бегонапарастӣ дар сару либос, яъне пӯшидани либоси бегона бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб дигар масъалаи мубрам барои ҷомеаи мо мебошад. Бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангӣ аст, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад». Сарвари давлат ҳамзамон дар суханрониашон Кумитаи кор бо занон ва оиларо вазифадор намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо тарроҳони ватанӣ тарҳҳои зебову гуногуни либоси миллиро мувофиқи ниёзҳои эътиқодиву ахлоқии занону хоҳарон ва модарони мо таҳия ва пешниҳод намоянд.

Бояд гуфт, ки таҳияи либоси тавсиявӣ-миллӣ барои ҳар шаҳрванд ба хотири имрӯзу фардои миллат ва пос доштану эҳтиром намудани рукну рамзҳои миллӣ муфид мебошад.

Ёдовар мешавем, ки бо  мақсади риояи тарзи дурусти либоспӯшӣ ва тарғиби либосҳои миллӣ соли 2018 аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид, ки мураттибони он Дилшод Раҳимов, Хуршед Низомов ва Муъмина Шовалиева мебошанд. Дастурамали мазкур, ки   хусусияти тавсиявӣ дорад нашр шуда,  ба шаҳрвандони мамлакат пешниҳод гардид. Ин дастурамал  бо мақсади танзими тарзи либоспӯшии миллӣ таҳия гардидааст.

Дар бахши ёздаҳуми дастурамали соли 2018 чунин омадааст: «Барои духтарон ва

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE