НАВРӮЗ – РАМЗИ ХУДШИНОСИВУ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

Ба сарзамини нозанин ва мамлакати дилнишини мо баҳор омад. Баҳоре, ки ҳамраҳаш гулу себаргаву навои булбул ҳамроҳ аст. Баҳоре, ки ҳама ҷоро чаманзору майсазор менамояд. Баҳоре, ки дили инсонро аз нав ба зиндагӣ гарм мекунад. Баҳоре, ки Наврӯзро ба мо ҳадя меорад, то ба зиндагиамон нуру сафои нав бахшем.
     Воқеан ҳам омад-омади ҷилвакорона ва ҳотамкории бобароронаи баҳору Наврӯзи имсола дигаргуна метобад. Наврӯз дар оғӯши баҳори нозанину моҳҷабин ва баҳор ҳамбари Наврӯзи меҳрофарин бо “сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб” остони моро зер кардаанд:

Имсол тозарӯйтар омад ҳаме баҳор,
Ҳангоми омадан на бад-ин гуна буд пор.
В-имсол пеш аз он ки ба даҳманзиле расад,
Андар кашид ҳулла ба дашту ба кӯҳсор.

  
       Наврӯз аҷаб айёми зебоест. Нуру ҷило ва сидқу сафои тоза, меҳру  вафо ва савту навои хосса, рангу намои ҷаззоб, хосияти беҳисоб дорад он. Пеш аз он ки вуруди мулк шаваду мақоми худро он ҷо дарёбад, сараввал пайки ӯ он ҷо ҷойгузин мешавад. Дилрабоию ҷолибӣ, мардумқаринию шарафёбӣ ба эъҷозкории ӯ ҳам ба воситаи пайкҳои ӯст. Шилдироси ҷӯйборону навои найи чӯпон, сим-сими борону тӯрбофии он, чеҳранамоии Офтоби тобону беғубории самои бекарон, чашмакзании ахтарону табассуми моҳи мунири хандон, рези ашки абри гирён, вазиши насими фораму лағзиши он аз рӯю мӯю лабу бару шонаю дастон номгӯи нопурраи он пайғомҳоеанд, ки Наврӯзро бе онҳо тасаввур кардан  номумкин аст.

Бар чеҳраи гул насими Наврӯз хуш аст,
Дар саҳни чаман рӯи дилафрӯз хуш аст.
Аз дӣ, ки гузашт, ҳар чӣ гӯӣ, хуш нест,
Хуш бошу зи дӣ магӯ, ки имрӯз хуш аст.

      Дар ин айёми гулрезу сабзахез ва мушкбез ин куҳанҷашни оламиён- Наврӯзи тозачеҳраю ҷавонсимо   бо қадамҳои устувору қалби мусаффо дари моро мекӯбад. Марҳабо, ба сарзамини муқаддаси мо, ай бузургҷашни ниёгони мо, бузургии пасовандони мо, иди моҳу хуршед ва ҳам иди Замину замон. Зеро:

Агар рӯйе рӯйи миллат аст, рӯйи туст, Наврӯз!
Агар ҷашне ҷашни миллат аст, ҷашни туст, Наврӯз!
Агар иде иди идҳост, туйӣ, туйӣ,
Ҳазорсолаӣ, аммо тозатар аз соли пешинӣ,
Такрортарин такрорӣ, аммо чӣ ошиқона дилкаш,
Чӣ шоирона зебост такрорат,
Эй хуштарин!

     Биё, эй ҷашни ҷашнҳо, эй нишонаи асрҳо, эй пайвандгари наслҳо, эй пайки шодиву нишот ва орзуву умедҳои нек. Биё, эй бахшояндаи неруи бунёдкорӣ, бахшояндаи орому қарор, илҳомбахши кору эҷод, эҳёсози ҳамаи арзишҳои неки инсонӣ, эй Наврӯзи тозарӯю поксоз!
Наврӯз яке аз маҳбубтарину маъруфтарин ҷашнҳои миллии мардуми мо буда, аз қаъри асрҳо ёдгор мондааст. Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар кишварамон таҷлили Наврӯз шукӯҳу шаҳомати дигар гирифта чанд сол аст, ки ҳам дар сатҳи ҷумҳурӣ ва ҳам дар шаҳру навоҳӣ ва деҳоти кишвар Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Таърихи пайдоиши ҷашни Наврӯзро муҳаққиқон ба таври умумӣ муайян кардаанд, ки он беш аз 5-6 ҳазор солро дар бар мегирад.
  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари ҳамоишҳо бо донишмандони кишвар ва адабпажӯҳони хориҷӣ суҳбатҳои пурмуҳтавое ороста, омӯзиши густурдаи таърихии ҷашнҳои миллии тоҷиконро яке аз паҳлуҳои муҳими хештаншиносии милливу таборӣ донистаанд. Наврӯз дар сайри чандҳазорсолаи худ аз миёни тирарӯзиҳову бадрӯзгориҳои иҷтимоиву сиёсӣ, аз халои сари кӯрдилону нотавонбинони мазҳабиву сиёсӣ гузашта, то рӯзгорони мо расидааст. Хушбахтона , тайи зиёда аз  32- соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси  Пешвои  миллат,   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои зиёд барои эҳё ва таҷдиди Наврӯз ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла, соли 2009 аввалин маротиба аз ҷониби коршиносони тоҷик масъалаи ба рӯйхати ҷашнҳои умумиҷаҳонии СММ ворид гардидани Иди Наврӯз пешниҳод шуд. Сипас, бо талоши Президенти кишвар ва сарони чанде аз давлатҳои ҳавзаи Наврӯз,  19 феврали соли 2010, тибқи Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ, Наврӯз ҳамчун Иди байналмилалии умумибашарӣ эълон гардид ва Тоҷикистон ба рӯйхати давлатҳои ташаббускори он дар СММ сабти ном шуд.
      Иқдоми хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат буд, ки ин ҷашн дар дунё ҳамчун ба унвони фарҳанги миллати тоҷик шинохта шудааст. Наврӯз дар фарҳанги мо – тоҷикон рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адолату баробарӣ, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштӣ буда, ин навшавӣ ҷузъе аз фарҳанги қадимии мост, ки имрӯз ҷаҳониёнро ба зиндагии шоиста даъват мекунад. Дилҳо ва андешаҳо метавонанд дар ин рӯз ба ҷониби якдигар майл кунанд, некуиро пеша намоянд.
      Бо самимияти хоса мегӯем, бигзор Наврӯзи имсола ба Шумо ва аҳли хонадонатон шунавандагони азиз бо манзалату ҳикмати беназираш сиҳатмандии бардавом, осудагиву амонӣ, барори кор, файзу нусрат, баракати рӯзгор ва сарбаландиро чун кӯҳсорон эҳдо намояд. 
      Тавре медонем, ҳамасола дар кишвар 21 то 24 март ҳамчун ҷашни Наврӯз таҷлил карда мешавад. Ҳини таҷлил аз ҷашни Наврӯз пиру барно хушнуд гардида, баҳори омадаро бо меҳру муҳаббат истиқбол мегиранд. Агар гӯянд, ки симои миллии ин ва ё он халқро дар кадом суннату маросимаш метавон таҷассум кард, бидуни таъхир хоҳем гуфт: симои миллати тоҷик симои Наврӯз аст. Симои зоҳириву ботинӣ, маънавию воқеии миллати тоҷик симои Наврӯз аст. Симои ягон миллату халқе чунин барҷаста дар маросими миллияш муҷалло нашудааст, чунон ки симои миллати тоҷик дар маросиму ойину суннатҳои ҳаётбахши Наврӯзаш муҷаллост.
Дар давраи Истиқлоли давлатӣ маҳз ба туфайли ҳидояту дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин анъанаҳову суннатҳои наврӯзӣ на танҳо зинда гардидаву инкишоф ёфтанд, балки ҳамаҷониба тарғиб шуданд. Ҳатто дар замоне, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ пурра хомӯш нагардида буд, Сарвари тозаинтихоби давлат ба ҳама мушкилоти иқтисодиву фарҳангӣ Ҷашни Наврӯзро, махсусан дар пойтахти кишвар, дар сатҳи баланд таҷлил мекарданд. Солҳои баъдӣ таҷлили ин ҷашн бошукӯҳтар шуд. Мардум туфайли суханронӣ ва табрикоти Пешвои муаззам ба Наврӯз ва анъанаҳову суннатҳои қадимии он бештар ошноӣ пайдо кард.
  Бо пешниҳоди Сарвари давлат 20 март Рӯзи зиёиён эълон гардид. Дар ин рӯз бо намояндагони зиёиёни кишвар мулоқот доир карданд ва он ба ҳукми анъана даромад. Инчунин, дар Наврӯз намоиши оммавӣ, ки дар он ҳазорҳо нафар ширкат меварзиданд, баргузор мешуд. Сол ба сол шумораи ширкаткунандагони намоишҳои оммавӣ меафзуд. Сатҳу сифати он беҳтару мукаммалтар мегардид. Дар навбати худ дигар шаҳру ноҳияҳо бо пайравӣ аз он Наврӯзи оламафрӯзро хотирмон таҷлил мекарданд. Ва ин ҳама, хушбахтона, идома дорад.
    Пешниҳоди Пешвои миллат буд, ки Наврӯзи кишвар ҳамасола бо навбат дар яке аз шаҳру ноҳияҳо таҷлил бигардад. Албатта, иштироку суханронии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, худ як мактаби бузурги омӯзишӣ буданд ва мемонанд. Дар ҷаҳонӣ шудани, ҷашни Наврӯз саҳми Сарвари давлатамон бесобиқа мебошад. Ба ин васила имкон фароҳам омад, ки то моҳияти умумибашарии он бештар барои оламиён ошкор бишавад.

Инак, ба диёри биҳиштосои мо боз фасли фараҳангези баҳор, Ҷашни оламафрӯзи Наврӯз ва Соли нави миллӣ фаро расида, як соли пурбаракат сипарӣ гардид.Ба ин хотир, фаро расидани Ҷашни Наврӯзи дилафрӯз ва омадани фасли баҳори хуррам тавъам ва мутародифи якдигар гардида, яке аз дигаре ҷудо набуда, бо ҳамин мазмун дар эҷодиёти шифоҳии мардуми тоҷик, ки соҳиби аслии ҷашнҳои деҳқониву мавсимӣ мебошад, васф шудааст:


Фасли Наврӯз гашт саҳро лолазор,
Занги дилро мебарад бӯи баҳор.
Булбулон андар хурӯшанд дар чаман,
Кӯдакон андар тамошо беқарор.

      Бигзор Соли нави аҷдодӣ Наврӯзи фаррухпай  ба кулли сокинони кишвари соҳибистиқлоли мо таҳти роҳбарии хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музаффарияту комёбиҳои нав ба нав орад. Воқеан, Наврӯз   баёнгари ҳувияти тоҷикон аст. Умедворем, ки Наврӯзи имсола ба мардуми тоҷик фатҳу нусратҳои нав ба навро насиб мегардонад ва кишварамон боз ҳам рушду тараққӣ меёбад.

Фирӯз Каримзода,
Сармуҳаррири радиои “Садои Душанбе”

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE