ДДТТ: соли 2020 устодоне, ки дар хобгоҳ истиқомат мекарданд, аз ҳаққи пардохти солонаи он озод карда шуданд

Соли 2020 Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистонро 926 нафар донишҷӯ хатм намуданад, ки аз онҳо 16 нафар бо дипломи аъло, аз ҷумла 9 нафар аз рӯйи зинаи бакалавр ва 7 нафар аз рӯйи зинаи магистратура мебошанд. Ин шумора нисбат ба соли гузашта 7 нафар зиёд аст. Аксари ин хатмкардагон аз рӯи ихтисос дар бозори меҳнат ҷойи кор ёфтанд. Ин нуктаро дирӯз ректори донишгоҳ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат нинишасти матбуотӣ изҳор дошт.

Донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон бо 3 забон (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ) таҳсили илм доранд. Дар ин баробар, донишҷӯёни хориҷӣ низ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки теъдоди умумумии онҳо ба 63 нафар баробар буда, аз ҷумҳуриҳои Озорбойҷон, Афғонистон ва Ӯзбекистон мебошанд. Аз ҷумла, 14 нафар дар шуъбаи рӯзона, 39 нафар дар шуъбаи фосилавӣ ва 10 нафар дар зинаи магистратура ва доктор phd таҳсил намуда истодаанд. Соли сипаригардида сатҳу сифати таълим дар донишгоҳ боло рафта, дар ин замина як қатор корҳои аамалӣ ба иҷро расиданд.

Ба иттилои ректори донишгоҳ, соли 2020, ба хотири ҳавасмандӣ ва дастгирӣ, устодоне, ки дар хобгоҳ истиқомат мекарданд, аз ҳаққи пардохти солонаи он озод карда шуданд. Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ ба чандин муассисаҳои ниёзманди ҷумҳурӣ кӯмакҳои якдафъаина расонида шуд. Мавсуф зикр кард, ки дастгирии табақаи ниёзманд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад

Номбурда илова кард, ки давоми соли 2020 дар донишгоҳ 6 нафар рисолаи номздӣ ва 1 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намуданд. Заминаи моддию техникии донишгоҳ дар сатҳи баланд қарор дорад. Бо вуҷуди мушкилие, ки ҷомеаи ҷаҳоро фарогир буда, раёсати донишгоҳ чандин лоиҳаҳои байналмилалиро амалӣ намуда, бо чандин донишгоҳҳои хориҷи кишвар шартномаи ҳамкорӣ баст ва имрӯз дар доираи он чанде аз донишҷӯёни донишгоҳи мо дар донишгоҳҳои хориҷ идомаи таҳсил доранд.

Комрони АБДУВАЛӢ,

«Садои Душанбе»

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE