Имрӯз дар шаҳри Тел Авив мусобиқаи навбатӣ оид ба дзюдо – «Tel Aviv Grand Slam» оғоз мешавад

Имрӯз дар пойтахти Исроил – шаҳри Тел Авив мусобиқаи навбатӣ оид ба дзюдо – «Tel Aviv Grand Slam» оғоз мешавад, ки дар он шаш варзишгари маъруфи тоҷик: Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (ҳарду дар вазни -73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Темур Раҳимов, Шакармамад Мирмамадов (+100кг) ширкат меварзанд.

Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, дар мусобиқаи мазкур иштироки 437 нафар варзишгар (254 мард, 183 зан) аз 63 давлат дар назар аст.

17 феврал дар шаҳри Тел Авив рақибони паҳлавонони кишвар муайян шуданд. Дар рӯзи дуюми мусобиқа Сомон Маҳмадбеков (-73кг) бо ғолиби ҷуфти Рока Салвадор Касес (Испания) — Стодолски Адам (Полша), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73кг) бо паҳлавони  ӯзбек – Ҷалолиддин Бойназаров, ва Акмал Муродов (-81кг) бо Александр Вечерзак (Германия) қувваозмоӣ мекунанд.

Дар рӯзи охири мусобиқа Комроншоҳ Устопириён (-90кг) бо Юто Виллар-Галаррето (Перу), Темур Раҳимов бо Ерасл Кажибаев (Қазоқистон) ва Шакармамад Мирмамадов бо Наор Итах (Исроил)  байни ҳам  рақобат  мекунанд

Чун анъана дар рӯзи аввал – 18 феврал қувваозмоиҳои вазнҳои -60кг, -66кг миёни мардон, -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон сурат мегиранд. Дар рӯзи дуюм паҳлавонони вазнашон -73кг, -81кг миёни мардон, -63кг, -70кг миёни бонувон рақобат мекунанд. Мусобиқа бо қувваозмоиҳои варзишгарони вазнашон -90кг, -100кг, +100кг миёни мардон, -78кг, +78 миёни бонувон анҷом меёбад.

Ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи  «Tel Aviv Grand Slam» дар баробари медал ҷоизапулӣ низ тақдим карда мешавад. Барои ғолибон 5000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 3000 доллар ва барои ду ҷои сеюм 1500-долларӣ дар назар гирифта шудааст.

Ҳамчунин варзишгарон вобаста ба мавқеашон соҳиби холҳо мегарданд, ки аз рӯи он раддабандии ҷаҳонӣ ва олимпӣ шакл мегирад. Аз ҷумла, варзишгароне, ки ҷои аввалро мегиранд, 1000 хол, ҷои дуюм – 700 ва ҷои сеюм 500 хол ба даст меоранд.

Ёдовар мешавем, ки дар намуди дзюдо варзишгарон танҳо аз рӯи раддабандии олимпӣ ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпиро пайдо мекунанд. То анҷоми марҳилаи интихобӣ – 28 июни соли 2021 22 нафари беҳтарини ҳар категорияи вазнӣ соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2021 мегарданд.

Ин дуюмин мусобиқа аз силсиламусобиқаҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо дар соли 2021 мебошад. Моҳи январ дар Давҳаи Қатар мусобиқаи ситораҳои дзюдо баргузор гардид, ки дар он аз кишвари мо се варзишгар – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода ва Темур Раҳимов иштирок намуданд. Натиҷаи беҳтарро дар ин мусобиқа Темур Раҳимов нишон дод – ӯ дар вазни +100кг ҷои панҷумро ишғол кард.

Варзишгарони тоҷик Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов аз дастгирии молиявии олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархурдоранд ва барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош мекунанд.

Хотиррасон мешавем,ки аз 18 то 20  феврали соли равон  дар пойтахти Исроил – шаҳри Тел Авив мусобиқаи навбатӣ оид ба дзюдо – «Tel Aviv Grand Slam» баргузор мешавад.

АМИТ “Ховар”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE