Ҷидда: Акрам Каримӣ бо Раиси Бонки исломии рушд мулоқот намуд
22 феврал дар Ҷидда Сафири Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Раиси Бонки исломии рушд доктор Бандар Ҳаҷҷор мулоқот намуд.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд ва раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои рушди зерсохтор, тандурустӣ, энергетика, маориф, амнияти ғизоӣ ва дастгирии бахши хусусӣ баррасӣ шуданд.